Маҳсулотро тафтиш ва ислоҳ кунед
Дар ин мавзӯъ шумо тарзи тафтиш кардани маҳсулот ва танзим кардани баландии маҳсулот барои мувофиқ будан ба шахсро меомӯзед.
Маҳсулотро тафтиш кунед
Пеш аз мувофиқ кардани курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом ба шахс, тафтиш кунед, ки маҳсулот дар ҳолати хуби корӣ бошад. Агар маҳсулот чарх дошта бошад, боварӣ ҳосил кунед, ки тормозҳо кор мекунанд.
Вазни ҳадди аксар (максималӣ)
Тафтиш кунед, ки меъёри вазн ба шахс мувофиқ аст. Ҳар як курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом меъёри максималӣ дорад. Ин вазни максималиест, ки курсӣ бехатар бардошта метавонад.
Меъёри вазн одатан дар болои курсӣ ё дар қуттии он навишта мешавад.
Тафтиш кунед, ки меъёри вазн ба вазни шахс баробар ё бештар аст.
Ислоҳот ворид кунед
Аксари курсиҳои ҳоҷатхона ва ҳаммом поҳои дорои баландии танзимшаванда доранд. Муҳим аст, ки онҳоро ба баландии дурусти шахс мувофиқ созед.
Баландии дуруст аз инҳо вобаста аст:
- Дар куҷо онҳо курсиро истифода хоҳанд бурд
- Чӣ тавр онҳо ба унтиза мебароянд ва аз он мефароянд (интиқол).
Агар курсии ҳоҷатхона дар болои унитази поядор истифода шавад, он бояд ба қадри кофӣ баланд бошад, то болои унитаз ҷойгир шавад.
Агар шахс аз ҷои нишаст худро интиқол диҳад, курсӣ тақрибан бояд дар баландии баробар бо сатҳе, ки аз он интиқол мешавад, дошта бошад.
Питерро дар хотир доред?
Питер аз ҷои нишаст худро интиқол медиҳад. Ба ӯ курсии ҳамоми дорои баландии баробар бо аробачаи маъюбӣ лозим аст.
Агар шахс ба курсӣ нишинад ва аз он бархезад, баландиро чунон танзим кунед, ки он барои ӯ осон бошад.
Калиро дар хотир доред?
Кали курсии ҳоҷатхонаашро болои унитаз истифода мебарад.
Баландӣ тавре танзим карда мешавад, ки ҳоҷатхона тоза нигоҳ дошта шавад ва ӯ худро барои нишастан ба курсии ҳоҷатхона аз ҳад зиёд хам накунад.
Барои ислоҳи баландии курсӣ, ҳар як пойро бо истифода аз тугмаи пахш ё механизми печ (винт) танзим кунед. Ҳар як пойро ба таври баробар танзим кунед, то курсӣ дар замин нишинад. Ҳангоми ламс он набояд ҷунбад.
Вобаста аз маҳсулот, метавон дигар ислоҳотро, ба монанди баландии поймонакҳо, анҷом дод.
Фаъолият
Меъёри вазнро тафтиш кунед ва ислоҳи баландии курсиҳои ҳоҷатхона ва ҳамоморо, ки дар ихтиёр доред, машқ кунед.