Поккунӣ ва нигоҳубини курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом
Ба шахс ва парастор ё оилаи онҳо, дар ҳолати зарурӣ, чӣ гуна нигоҳубин кардани курсии ҳоҷатхона ё ҳамомро омӯзонед. Ин барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани курсӣ ва то ҳадди имкон тӯлонӣ истифодаи он кумак мекунад.
Чӣ тавр курсии ҳочатхона ё ҳаммом бояд пок шавад:
- Сатили ҷудошавандаи курсии ҳоҷатхона бояд пас аз ҳар истифода холӣ ва бо собун пок карда шавад.
- Курси ҳаммом ва ҳоҷатхона бояд мунтазам бо маводи поккунандаи нарм пок карда шаванд. Қадам ба қадам иҷро кунед. Қисмҳои ҷудошаванда бояд барои поккунӣ ҷудо карда шаванд ва сипас иваз карда шаванд. Дар бораи қисми поёнӣ, махсусан нишастгоҳ, фаромӯш накунед.
- Курсиро дар ҷои хушк нигоҳ доред.
Ҳеҷ гоҳ курсии ҳоҷатхона ё ҳамморо дар зери борон нагузоред!
Дар баробари пок кардани курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом, муҳим аст, ки мунтазам ҳама гуна нишонаҳои зеринро тафтиш кунед:
- Зангзадакӣ
- Ҷои кафидагӣ дар чаҳорчӯба
- Печҳои суст
- Тормозҳои суст
- Кафидагӣ ё даридагӣ дар нишастгоҳ
- Кафидагӣ дар сатили ҷудошаванда.
Муфассалтар дар бораи чӣ бояд кард, агар яке аз ин нишонаҳо ҳангоми пайгирӣ пайдо шаванд, хонед.
Шумо дарси чорумро ба анҷом расондед!
Агар шумо ягон савол ё шарҳ дошта бошед, онҳоро дар форуми мусоҳибавӣ гузоред.