Модулҳои маҳсулоти TAP маҳсулоти одии ёрирасони ҳаракатро фаро мегиранд, ки метавонанд дар ҷомеа бо роҳи бехатар таъмин карда шаванд.
Барои фаҳмидани ҳар яке аз ин маҳсулот, бахшҳои зеринро хонед.
воситаҳои роҳгардӣ
Воситаҳои роҳгардӣ ба шахс барои бархостан, нишастан ва роҳ рафтан кумак мекунанд.
Намудҳои гуногуни воситаҳои роҳгардӣ ба ниёзҳои гуногуни одамон мувофиқанд.
Баъзе мисолҳои маъмул инҳоянд:
- Асо

- Асоҳои то оринҷ

- Асобағалҳо

- Роҳраваки бечарх

- Роҳраваки чархдор

Воситаҳои роҳгардӣ метавонанд барои шахсони зерин муфид бошанд:
- Метавонанд роҳ раванд, аммо барои бехатар роҳ гаштан ё масофаи дарозро тай кардан ба дастгирии иловагӣ ниёз доранд.
- Метавонанд танҳо ба як по вазн гузоранд, масалан, шахсоне, ки узви баданашон қатъ шудааст ё ҷароҳат дар пой бардоштаанд.
Барои гирифтани маълумот дар бораи воситаҳои роҳгардӣ ва чӣ гуна таъмин кардани онҳо, модули воситаҳои роҳгардии TAP-ро анҷом диҳед.
Пандусҳои интиқолшаванда
Пандусҳои интиқолшаванда (сайёр) пандусҳое мебошанд, ки дар як ҷо насб карда нашудаанд. Онҳо метавонанд ба он ҷое, ки ба шахс лозим аст, интиқол дода шаванд.
Пандусҳои интиқолшаванда метавонанд барои одамони зерин муфид бошанд:
- Аз аробачаи маъюбӣ, роҳраваки чархдор ё роҳраваки бечарх истифода мебаранд
- Дастрасӣ ба ҷойҳо бо шумораи ками қадамҳо ниёз доранд
- Барои баланд бардоштани пандуси интиқолшаванда ба қадри кофӣ қавӣ (пурзӯр) ҳастанд ё барои он ёвар доранд.


Матиасро дар хотир доред?
Матиас барои ҳаракат кардан аз роҳраваки чархдор истифода мебарад. Вақте ки ӯ ва ҳамсараш ба хонаи писарашон мераванд, онҳо пандуси интиқолшавандаро бо худ мегиранд. Пандус ба Матиас имкон медиҳад, ки аз се қадами хурди дари даромад ба хонаи писараш ворид шавад.
Барои маълумоти бештар дар бораи пандусҳои интиқолшаванда ва тарзи таъмини онҳо, модули пандусҳои интиқолшавандаи TAP-ро анҷом диҳед.
Дастқапакҳо
Дастқапакҳо ба одамони заиф ё дорои мувозинати суст мусоидат мекунанд, то бехатар аз як ҷо ба ҷои дигар гузаранд.
Дастқапакҳо метавонанд барои одамони зерин муфид бошанд:
- Ҳангоми ҳаракат дар утоқи хоб, толор, ҳаммом, ҳоҷатхона ё зинапоя ба дастгирии иловагӣ ниёз доранд.
- Метавонанд бо як ё ду даст қапанд.

Барои маълумоти бештар дар бораи дастқапакҳо ва чӣ гуна таъмин кардани онҳо, модули дастқапакҳои TAP-ро анҷом диҳед.

Довуд ва занаш Лейтангиро дар хотир доред?
Довуд заиф аст ва дар баъзе мавридҳои худнигоҳубинӣ ба кумаки Лейтанги вобаста аст. Барои рост нишастан ва ҳаракат кардан дар бистар, дастқапак барои Довуд насб карда шудааст. Акнун вай метавонад бидуни кумаки Лейтанги бехатар рост нишинад.

Калиро дар хотир доред?
Илова ба роҳравак барои роҳ гаштан, Кали дар душ дастқапак дорад. Ҳангоми даромадан ва баромадан аз душ барои нигоҳ доштани мувозинат ӯ аз дастқапак медорад.
Лавҳаҳои интиқол
Аз як ҷо ба ҷои дигар нақл кардани бадани худ интиқол номида мешавад.
Лавҳаҳои (тахта) интиқол барои нақл кардан аз як ҷо ба ҷои дигар ба одамон кумак мекунанд.


Лавҳаҳои интиқол метавонанд барои одамони зерин муфид бошанд:
- Ҳангоми аз ҷо хестан ё бардоштани вазни бадан бо пойҳояшон душворӣ мекашанд
- Барои аз як ҷо ба ҷои дигар гузаштан ба кумаки шахси дигар ниёз доранд.

Барои маълумоти бештар дар бораи лавҳаҳои интиқол ва чӣ гуна таъмин кардани онҳо, модули лавҳаҳои интиқоли TAP-ро анҷом диҳед.
Пойафзолҳои табобатӣ
Пойафзолҳои терапевтӣ - пойафзолҳои дорои хусусиятҳои махсус мебошанд, ки барои муҳофизат ва дастгирии пойҳое, ки дар хавфи инкишофи захм қарор доранд, кумак мекунанд.


Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи пойафзоли терапевтӣ ва тарзи таъмини онҳо, модули пойафзоли терапевтии TAP-ро анҷом диҳед.