Маҳсулоти ёрирасон барои худнигоҳубинӣ, ки ба TAP дохил карда шудаанд

Пешрафти мавзӯъ:

Модулҳои TAP баъзе аз маҳсулоти ёрирасони маъмулӣ барои худнигоҳубиниро дар бар мегиранд, аз ҷумла:

  • Курсиҳо барои ҳаммом
  • Курсиҳо барои ҳоҷатхона
  • Маҳсулоти ҷабанда
  • Катетерҳо
  • Воситаҳои либоспӯшӣ
  • Воситаҳо барои хӯрдан ва нӯшидан

Барои шиносоии мухтасар бо ин маҳсулот хонед.

Курсиҳо барои ҳаммом

Курсиҳо барои ҳаммом дар душ ё ҳаммом гузошта мешаванд, то шахс ҳангоми шустушӯи худ нишинад.

Курсии пластикӣ бо дастаҳо, такягоҳ ва пойҳои металлӣ бо стопорҳои резинӣ дар поёни ҳар як по.

Чорпояи (табуретка) обногузар бо дастаҳо, пойҳои металлӣ ва стоперҳои резинӣ дар зери ҳар як по.

Курсӣ барои ҳаммом барои одамоне муфид аст, ки ҳангоми шустани худ бехатар истодан наметавонанд ва/ё дар нигоҳ доштани мувозинат душворӣ мекашанд.

Питер дар нисфи роҳи интиқол аз аробачаи маъюбӣ ба курсии барои ҳаммом қарор дорад. Аробачаи маъюбии ӯ дар назди курсии барои ҳаммом ҷойгир карда шудааст. Як дасташ рӯи дастаи аробачаи маъюбӣ ва дигаре ҳамвор дар рӯи нишастгоҳи курсии барои ҳамом аст.

Питерро дар хотир доред?

Сутунмӯҳрааш осеб дида, поёни камараш фалаҷ шудааст. Ӯ барои ҳаракат кардан аз аробачаи маъюбӣ истифода мебарад. Питер дар ҳаммомаш курсӣ дорад. Вай бо аробача ба ҳаммом медарояд ва ба курсии ҳамом мегузарад. Сипас аробачаро аз роҳи об дур мекунад ва душ мегирад.

Курсии обногузар бо чархҳои калон дар пушт ва чархҳои хурд дар пеш бо даста ва помонакҳо.

Курсиҳои душ бо чархҳои хурд барои одамоне муфиданд, ки ҳангоми шустушӯӣ бояд нишинанд ва инчунин ҳангоми ба ҷои шустушӯ даромадан ва аз он ҷо баромадан душворӣ мекашанд.

Ронин дар аробачаи маъюбӣ бо пои шикастаи дар рӯи поймонак гузоштааш нишастааст. Аробачаи ӯро марди калонсол меронад.

Ронинро дар хотир доред?

Дар ҳоле ки по ва дасти дар садама шикастааш шифо ёфтаанд, ӯ аз курсии чархдор барои ҳаммом истифода мебарад. Курсӣ дар паҳлӯи бистараш гузошта шудааст ва волидонаш барои интиқол ба он кумак медиҳанд. Сипас ӯро то ба минтақаи душ дар рӯи курсӣ тела медиҳанд ва дар он ҷо барои шустушӯ кумак мерасонанд.

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи курсиҳо барои ҳаммом ва чӣ гуна таъмин кардани онҳо, модули TAP-ро оид ба курсиҳо барои ҳаммом ва ҳоҷатхона анҷом диҳед.

Курсиҳо барои ҳоҷатхона

Курсиҳо барои ҳоҷатхона дорои нишастгоҳи буридашуда, дастмонакҳо ва сатили ҷудошаванда мебошанд. Баъзеҳо инчунин пуштӣ доранд.

Онҳо метавонанд истифода бурда шаванд:

  • Дар болои унитаз (бе сатили ҷудошаванда) ё алоҳида аз унитаз
  • Дар ҳама гуна ҷои хусусӣ (бо сатили ҷудошаванда).

Курсиҳо барои ҳоҷатхона нисбат ба унитазҳои муқаррарӣ барои шиштан, рост нишастан ва хестан бештар тақвият мебахшанд.

Баъзе курсиҳо барои ҳоҷатхона чарх доранд.

Чорчӯбаи металлӣ бо нишастгоҳи рӯи унитаз, сарпӯш ва дастмонакҳои устувор. Дар зери нишастгоҳи рӯи унитаз сатили ҷудошаванда мавҷуд аст. Пойҳои чорчӯба дар поён стоперҳои резинӣ доранд.

Курсии рӯкашдор бо нишастгоҳи буридашуда ва сатили ҷудошаванда дар зер, дастмонакҳои вошаванда ва чор чархи хурд бо тормоз дар пойҳо.

Курсиҳо барои ҳоҷатхона метавонанд барои одамоне муфид бошанд, ки:

  • Ба ҳоҷатхона рафтан ва/ё аз он ҷо баргаштан душвор аст
  • дар шиштан ба унитаз ва аз он хестан душворӣ мекашанд
  • ҳангоми омӯхтани маҳорати истифодабарии ҳоҷатхона ниёз ба нишастани бароҳат доранд

Зане, ки асоро бо дасти росташ истифода мебарад ва дасти чапаш ба дарун тоб хурдааст.

Аидаро дар хотир доред?

Пас аз сактаи мағзи сар, барои Аида ба ҳоҷатхона рафтан, нишастан ва хестан душвор шуд.

Вай акнун аз курсӣ барои ҳоҷатхона бо сатили ҷудошаванда истифода мебарад.

Рӯзона сатил ҷудо мешвад ва курсӣ рӯи унитаз гузошта мешавад.

Курсӣ барои ҳоҷатхона бо сатили ҷудошуда рӯи унитази поядор ҷойгир карда шудааст. Нишастгоҳи курсӣ баланд аст ва дастмонакҳоро қапида мешавад.

Ба рӯи унитаз баромадан ва аз он фаромадан барои Аида осонтар аст, зеро курсӣ баланд аст ва аз дастмонакҳо қапида мешавад. Духтараш ба ӯ барои ба ҳоҷатхона рафатн ва аз он ҷо баргаштан кумак мерасонад.

Шабона курсӣ барои ҳоҷатхона дар паҳлӯи кати Аида бо сатил гузошта мешавад.

Курсӣ барои ҳоҷатхона дар паҳлӯи кат нишон дода шудааст. Дастмонаки ба кат наздиктарин кушода шудааст ва сатил дар ҷояш аст.

Вай метавонад бидуни бедор кардани духтараш ба курсӣ гузарад. Сатилро субҳ холй мекунанд.

Барои маълумоти бештар дар бораи курсиҳо барои ҳоҷатхона ва тарзи таъмин кардани онҳо, модули TAP-ро оид ба курсиҳо барои ҳаммом ва курсиҳо барои ҳоҷатхона анҷом диҳед.

Маҳсулоти ҷабанда

Маҳсулоти ҷабанда, ки ба ТАР дохил карда шудаанд, маҳсулоте мебошанд, ки шахс онҳоро мепӯшад. Ин маҳсулот:

  • Шакл ва андозаҳои гуногун доранд
  • Аз тарафи писарон, духтарон, мардон ва занон метавонанд истифода шаванд.
  • барои ихроҷи сабук, миёна ё вазнин мувофиқанд
  • Метавон шушта ва дубора истифода шавад ё як маротиба истифода ва сипас партофта шавад (якдафаъгӣ).

Латтаи ҷабанда, ки барои ҷойгир шудан дар дохили таҳпӯш сохта шудааст.

Шахсе, ки матои ҷабанда зери таҳпӯш пӯшидааст.

Маҳсулоти ҷабанда метавонанд барои одамоне, ки бо беихтиёрӣ дучоранд, муфид бошанд. Онҳо ихроҷи пешоб ва / ё наҷосатро меҷабанд ва пӯст ва либоси одамро муҳофизат мекунанд; ин маҳсулот имкон медиҳанд то одамон ҳаёти ҳаррӯзаи худро идома диҳанд.

Зане дар назди тахтаи синф бо бӯр меистад. Дар тахта се супориш навишта шудааст. 4 кӯдак дар гирди миз нишаста, менависанд. Дар наздикии миз гомёри пуштӣ қарор гирифтааст.

Алейшаро дар хотир доред?

Алейша фалаҷи мағзи сар дорад ва барояш ҳамоҳангсозӣ ва назорати ҳаракатҳо душвор аст. Вақте ки ба ҳоҷатхона рафтан зарур аст, одатан ӯ инро ҳис мекунад ва модараш ба ӯ барои расидан ба ҳоҷатхона ва истифода аз унитаз кумак мекунад.

Бо вуҷуди ин баъзан ӯ пешобдон ва рудаашро идора карда наметавонад. Вақте ки Алейша дар мактаб аст, ӯ аз маҳсулоти ҷабанда, ки пӯшидану кашиданаш осон аст, истифода мебарад. Ин маҳсулот барои идора кардани ҳама гуна ихроҷи пешоб ва наҷосат кумак мекунанд.

Барои маълумоти бештар дар бораи маҳсулоти ҷабанда ва тарзи таъмин кардани онҳо, модули TAP-ро оид ба маҳсулоти ҷабанда анҷом диҳед.

Катетерҳо

Катетер як найчаи чандир аст, ки пешобро аз пешобдон холӣ мекунад.

Катетерҳо метавонанд барои одамоне муфид бошанд, ки дар холӣ кардани пешобдонашон душворӣ доранд.

Ду намуди асосии катетерҳо мавҷуданд:

  • Муваққатӣ (инчунин катетерҳои нелатонӣ номида мешаванд)
  • Доимӣ (инчунин катетерҳои фолӣ номида мешаванд)

Катетерҳои муваққатӣ (нелатон).

Катетерҳои нелатон барои холӣ кардани пешоб ба пешобдон ворид карда мешаванд ва сипас хориҷ карда мешаванд.

Ин дар давоми рӯз анҷом дода мешавад, вақте ки шахс бояд пешобдонашро холӣ кунад.

Як найчаи муқаррарии дароз, ки дар ҳар ду канораш кушода аст.

Питер дар аробачаи маъюбӣ нишастааст бо дастони худ дар рӯи чамбари теладиҳӣ

Барои холӣ кардани пешобдонаш Питер катетери муваққатӣ истифода мебарад. Ҳар рӯз дар вақтҳои муайян Питер катетерро барои холӣ кардани пешоб аз пешобдонаш ба унитаз истифода мебарад.

Катетерҳои доимӣ (фолӣ).

Онҳо ба пешобдон ворид карда мешаванд ва то дувоздаҳ ҳафта дар он ҷо мемонанд. Катетер пешобро ба халтача, ки мунтазам холӣ карда мешавад, мекашад.

Катетерҳои доимӣ низ метавонанд аз тарафи одамоне истифода шаванд, ки беихтиёрии пешоб доранд, агар дигар маҳсулоти ҷабандаи пешоб мувофиқ набошад.

Як найчаи дароз бо «пуфак»-и хурдакак ба як тараф ва ду сӯрох ба тарафи дигар.

Катетери Фолӣ ба халтача бо лӯлаи хурд дар поён пайваст карда шудааст.

Мария ном зани рӯймолпӯш дар аробачаи маъюбӣ нишастааст. Як ҷавонзани рӯймолпӯш ҳам ӯро тела медиҳад.

Бо Мария шинос шавед

Мария дорои склерози сершумор аст, ки ба асабҳои майна ва ҳароммағз таъсир мерасонад. Вай аз аробачаи маъюбӣ барои ҳарака истифода мебарад ва ҳаракати дастҳояш маҳдуд аст. Мария як парастор дорад, ки ба ӯ дар худнигоҳубинӣ кумак мекунад.

Барои Мария катетер лозим аст то пешобдонаш холӣ шавад ва ӯ катетери доимиро интихоб кард.

Ғилоф (уридом)

Гилфҳо як варианти дигар (ба ҷои маҳсулоти ҷабанда) мебошанд, ки мардон метавонанд барои нигоҳ доштани ихроҷи пешоб истифода баранд. Онҳо ба олати таносули мардона пайваст мешаванд ва дар нӯк ба найчаи чандири кӯтоҳ пайваст карда мешаванд.Сипас найча ба халтаи ҷамъоварии пешоб пайваст карда мешавад.

Сарпӯши резинии шакли рифола бо пораи часбнок, ки онро дар ҷои худ нигоҳ медорад.

Як найчаи кӯтоҳе, ки ба халтаи борики тасмадор, ки ба пои шахс пайваст мешавад, медарояд ва дар поён сурохии лӯламонанд.

Барои маълумоти бештар дар бораи навъҳои гуногуни катетерҳо ва тарзи таъмини онҳо, модули TAP-ро оид ба катетерҳо анҷом диҳед.

Маҳсулоти ёрирасони худнигоҳубинӣ барои либоспӯшӣ

Чӯби либоспӯшӣ

Чӯби либоспӯшӣ дар як канор чангаки "c"-шакл ва дар канори дигар чангаки "s"-шакл дорад.

Он барои пӯшидан ва кашидани либос истифода бурда мешавад.

Чӯби дарозе, ки дар як канораш чагаки "s"-шакл ва дар дигараш чангаки "c"-шакл дорад.

Зане, ки бо дасти росташ чӯбчаи либоспӯширо истифода мебарад, то ҷомаи худро бо чангак рӯи китф кашад.

Чӯбҳои либоспӯшӣ барои одамоне муфид буда метавонанд, ки ба осонӣ ба пеш хам шуда наметавонанд ё дар як ё ду даст ҳаракати маҳдуд доранд.

Қошуқи дастабаланд барои пойафзол

Ин қошуқи пойафзол бо дастаи дарози иловагӣ барои пӯшидани пойафзол аст.

Як пораи ҳамвори дарози пластикӣ бо даста дар як канор

Шахс қошуқи дарози пойафзолро истифода мебарад, то пошнаи худро ба пойафзол дарорад.

Ин метавонад барои одамоне муфид бошад, ки ба осонӣ ба пеш хам шуда наметавонанд ва ё барои онҳое, ки ҳаракати маҳдуд дар дасту по доранд.

Восита барои ҷӯробпӯшӣ

Воситаи ҷӯробпӯши як пораи пластикии чандир аст, ки ду ресмон дар канорҳояш дорад. Ҷӯроб ё ҷӯроби соқбаланд дар охири пластика ҳалқа карда мешавад, шахс сипас панҷаи поро дар дохили ҷуроб мегузорад ва бо истифода аз дастгоҳ ҷуробро ба самтри пойҳо аз ду ресмон мекашад.

Як пораи чандири пластикӣ бо ду ресмон дар як канори он.

Шахс рӯи панҷаи пояш воситаи ҷӯробпӯшӣ дорад ва барои пӯшидани ҷӯроб ду ресмонро мекашад.

Воситаҳои ҷӯробпӯшӣ метавонанд барои одамоне муфид бошанд, ки дар пӯшидани ҷӯроб ё ҷӯроби соқбаланд душворӣ доранд ва ба осонӣ ба пеш хам шудан натавонанд ва/ё ҳаракати маҳдуд дар дастон доранд.

Аида дар курсӣ нишастааст ва қошуқи дарози кафшро истифода бурда, пойафзол мепӯшад.

Аидаро дар хотир доред?

Барои Аида пас аз сактаи мағзи сар пӯшидан душвор шудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ аз чӯбчаи либоспӯшӣ, воситаи ҷӯробпӯшӣ ва қошуқи дарози пойафзолпӯшӣ истифода бурданро оғоз кардааст. Ин маҳсулот маънои онро дорад, ки ӯ акнун мустақилона либос пӯшидан метавонад.

Чангаки тугма ва занҷираккаш

Чангаки тугма ва занҷираккаш дар як канор чангаки "c"-шакл барои кашидани занҷирак ва дар канори дигар чангаки алмосшакл барои кашидани тугмаҳо аз сӯрохиҳо дорад.

Чӯби кӯтоҳ бо чангаки "c"-шакл дар як канор ва чангаки алмосшакл дар дигараш.

Шахс барои маҳкам кардани тугмаҳои пероҳанаш аз чангаки тугма ва занҷираккаш истифода мебарад.

Онҳо метавонанд барои одамоне муфид бошанд, ки бо ҳаракатҳои хурди дастҳо мушкилӣ доранд.

Самуэл аз чангаки тугма барои маҳкам кардани тугмаи пероҳанаш истифода мебард.

Самуэлро дар хотир доред?

Барои Самуэл иҷро кардани корҳои хурд, аз қабили маҳкам кардани тугмаҳо ва бастани бандакҳои пойафзол душвор аст. Ӯ барои осон кардани либоспӯшӣ аз чангаки тугма ва занҷираккаш истифода мебарад.

Вай инчунин аз пойафзолҳое истифода мебарад, ки ба ҷои бандакҳо часбак доранд, ки идора карданашон барояш осонтар аст.

Маҳсулоти ёрирасони худнигоҳубинӣ барои хӯрдану нӯшидан

Асбоби тағйиршуда барои хӯрокхӯрӣ

Зарфҳои хӯрокхӯрӣ, аз қабили корд, чангак, қошуқ ва чӯбчаҳоро барои осонтар қапидан метавон тағйир дод.

Доштани дастаҳои паҳмтар барои одамоне, ки ҳаракат ва қувваи маҳдуд дар даст доранд, осонтар аст.

Чангол, корд ва се қошуқ дар як саф, ҳама бо дастаҳои паҳми иловагӣ.

Як ҳалқаи мулоим ё устуворро, ки асбоби хӯрокхӯриро дар дасти шахс нигоҳ медорад,
илова кардан мумкин аст. Ин барои одамоне муфид аст, ки асбобро дошта наметавонанд, вале дастони худро ҳаракат ва идора карда метавонанд.

Дасте, ки қошуқро медорад бо ҳалқае, ки ба даст часпидааст.

Лавҳаҳои муҳофизатӣ барои табақҳо ва табақ/косаҳои тағйиршуда

Лавҳаҳои муҳофизатӣ барои табақҳо як порчаи пластикии нимдаврашакл аст, ки ба паҳлӯи табақ часпонида мешавад.
Табақ ё косаҳои тағйиршуда лавҳаҳои муҳофизатии "дарунсохт" доранд - як тарафи табақ ё коса боло бардошта шудааст.

Табақи сафед бо як пораи пластикии нимдаврашакл ба канори он барои бардоштани як тарафи табақ часпонида шудааст.

Лавҳаҳои муҳофизатӣ барои табақҳо ва табақҳои тағйиршуда барои одамоне муфиданд, ки танҳо бо як даст хӯрок хӯрдан метавонанд. Воситаҳои мазкур барои гирифтани хӯрок бо қошуқ, чангак ё дигар асбоби хӯрокхӯрӣ кумак мерасонанд.

Ҷомҳои тағйирёфта

Ҷомҳои тағйиршуда метавонанд дастаҳо дошта бошанд, то гирифтани онҳо осон бошад ва/ё сарпӯш бо сӯрохи хурд, то нӯшидани нӯшокиҳо бидуни рехтан осон шавад.

Ду ҷоми пластикии шаффоф, яке бо сарпӯш ва дигаре бо сарпӯш ва ду даста.

Ду ҷоми пластикӣ бо як қисми паҳлӯи буридашуда

Ҷомҳои тағйиршуда метавонанд барои одамоне, ки ҳаракат ё қувваи маҳдуд дар даст доранд ё дорои ҳамоҳангии сустанд, муфид бошанд.

Алейша дар сари миз, як қошуқро бо ёрии тасмаи дар болои дасташ часпидашуда медорад. Вай ғизои худро аз косае, ки дар паҳлӯя ҷоми тағйиршуда бо ду даста ҷойгир аст, мебардорад.

Алейшаро дар хотир доред?

Барои Алейша ҳамоҳангсозӣ ва идорак кардани ҳаракатҳои душвор аст.
Вай ҷоми тағйиршудаи дорои ду даста ва сарпӯше истифода мебарад, ки доштанаш осонтар аст ва аз рехтан пешгирӣ мекунад.

Вай инчунин як қошуқи дорои дастаи паҳм ва ҳалқаеро истифода мебарад, ки барои доштан кумак мерасонанд.

Форуми мусоҳибавӣ