Пайгирии курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом
Пайгирӣ кунед
Муҳим аст, ки одамон донанд, ки дар мавриди рух додани ягон душворӣ бо курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом, онҳо метавонанд ба хадамот дар вақти дилхоҳ муроҷиат кунанд.
Баъзе муассисаҳо часбакро (стикер) бо тафсилоти тамоси хизматрасонӣ дар маҳсулот илова мекунанд.
Одатан шахсе, ки курсии ҳоҷатхона ё ҳаммомро истифода мебарад, дигар маҳсулоти ёрирасон дорад. Агар шумо аз маҳсулоти дигари ёрирасон пайгирӣ мекунед, инчунин курсии ҳаммом ё ҳоҷатхонаро низ тафтиш кунед.
Пайгирӣ барои муайян кардани масъалаҳои зерин кумак мекунад:
- оё курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом ба ниёзҳои шахс ҷавобгӯ аст
- оё курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом ба таъмир ё иваз ниёз дорад.
Ба шахс саволҳои зеринро диҳед то фаҳмед, ки оё курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом ҳанӯз ҳам ба ниёзҳои ӯ ҷавобгӯ аст:
- Оё шумо курсии ҳоҷатхона ё ҳаммоми худро истифода мебаред?
- Оё шумо дар истифодаи курсии ҳоҷатхона ё ҳаммоми худ ягон мушкилӣ доред?
- Оё дар бораи курсии ҳоҷатхона ё ҳаммоми худ ягон савол доред?
Агар шахс курсии ҳоҷатхона ё ҳаммомашро истифода набарад ё дар истифодаи он мушкилӣ дошта бошад, сабабашро фаҳмед. Сипас шумо метавонед якҷоя роҳи ҳаллро пайдо кунед.
Маълумоти ҷамъоваришударо истифода баред, то бо шахс дар мавриди амалҳои зарурӣ қарор қабул кунед. Амалҳои умумӣ дар поён оварда шудаанд.
Курсиро таъмир ё нигоҳдорӣ кунед
Печ ё тормозҳои сустро бо асбобҳои оддӣ мустаҳкам кардан мумкин аст.
Довудро дар хотир доред?
Довуд марди солхӯрдаи заиф аст, ки бо занаш Лейтенги зиндагӣ мекунад. Ӯ аз курсии ҳоҷатхона ва ҳаммом истифода мебарад.
Ҳангоми вохӯрии навбатӣ Довуд мегӯяд, ки курсии ҳаммом ҳангоми истифода аз он меларзад. Шумо курсиро тафтиш мекунед ва мебинед, ки яке аз пойҳояш суст аст. Шумо онро мустаҳкам мекунед ва ба Довуд ва занаш Лейтенги нишон диҳед, ки агар ин такрор шавад, чӣ тавр ин камбудиро бартараф кардан мумкин аст. Курсӣ акнун бехатар ва устувор аст.
Қисмҳоро иваз кунед
Агар сатили ҷудошавандаи курсии ҳоҷатхона вайрон шуда бошад, онро бе иваз кардани тамоми курсӣ иваз кардан мумкин аст.
Дар бораи кадом қисмхои эҳтиётӣ бояд дар анбор нигоҳ дошта шаванд, фикр кунед.
Савол
Кӣ метавонад ба шумо дар мавриди қисмҳои эҳтиётӣ, ки маъмулан заруранд, кумак кунад?
- Истеҳсолкунандагон одатан ҳангоме, ки шумо хариди маҳсулоти навро оғоз мекунед, дар мавриди қисмҳои эҳтиётӣ, ки маъмулан заруранд, хоҳанд донист.
- Таъмироте, ки хадамоти шумо анҷом додааст, сабт кунед. Бо гузашти вақт ин маълумот дар мавриди муайян кардани қисмҳо зудивазшаванда кумак мекунад.
Иваз кардани курсӣ
Агар занг ё тарқишҳо пайдо шаванд, курсӣ бояд иваз карда шавад.
Зангзадагӣ ё кафидагиҳо дар чаҳорчӯба ё нишастгоҳи курсӣ метавонад хатарнок бошад.
Омӯзиши минбаъда
Шахс ва парастори ӯ метавонанд ба омӯзиши иловагӣ дар бораи истифодаи курсии худ ё чӣ гуна интиқол додан ба курсӣ ва аз он ниёз дошта бошанд.
Аидаро дар хотир доред?
Аида дар давоми рӯз аз курсии ҳоҷатхонае, ки дар болои ҳоҷатхона ҷойгир шудааст, истифода мебарад ва духтараш ба ӯ барои расидан ба он кумак мекунад.
Шабона Аида курсии ҳоҷатхонаро дар канори каташ мегузорад.
Ҳангоми пайгирӣ шумо аз Аида мепурсед: "Оё шумо дар истифодаи курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом ягон мушкилӣ доред?"
Аида мегӯяд, ки баъзан вай наметавонад бо суръати кофӣ ҳаракат кунад, то сари вақт ба ҳоҷатхона расад. Ин боиси якчанд ҳодисаҳои нанговар гардид.
Шумо мефаҳмонед, ки муқаррар кардани реҷаи рафтан ба ҳоҷатхона (дар давоми рӯз) дар фосилаҳои муқаррарӣ метавонад кумак расонад.
Аида ва духтараш розӣ мешаванд, ки ин корро ҳар 2 соат иҷро кунанд. Шумо инчунин розӣ мешавед, ки агар ягон тағйирот рух надиҳад, Аида бояд ба мутахассиси соҳаи тиб муроҷиат кунад, то боварӣ ҳосил карда шавад, ки ягон мушкилӣ вобаста ба вазъи саломатӣ вуҷуд надорад.
Арзёбии такрорӣ
Агар ниёзҳои шахс тағйир ёфта бошанд, шояд арзёбии нав барои курсии ҳоҷатхона ё ҳаммом ё дигар маҳсулоти ёрирасон лозим бошад.
Бозравонӣ
Ба мутахассиси соҳаи тандурустӣ равон кунед:
- Агар шумо дар бораи саломатии шахс хавотир бошед
- Ниёзҳои ҳаракатнокӣ ё ба ҳоҷатхона рафтан ба наздикӣ хеле тағйир ёфтааст.
Ба хадамоти дигар фиристонед, агар шахс тавонад аз маҳсулоти ёрирасоне, ки шумо пешниҳод карда наметавонед, баҳра барад.
Ба хадамоти тавонбахшӣ равон кунед, агар шахс тавонад аз тавонбахшӣ барои идора кардани ниёзҳои худнигоҳбунӣ баҳра барад.
Савол
Калиро дар хотир доред?
Ҳангоми боздиди навбатӣ, Кали ба шумо мегӯяд, ки саломатиаш бадтар шудааст ва акнун дар истифодаи чорпояи ҳаммом худро бехатар ҳис намекунад. Бе дастгирӣ рост нишастан барояш душвор аст ва аз он метарсад, ки аз чорпоя меафтад.
Кадом амалҳоро шумо бо Кали ва духтараш муҳокима мекунед?
- Азбаски саломатии Кали бадтар шудааст, шумо бояд аз ӯ пурсед, ки оё вай ба наздикӣ аз мутахассиси соҳаи тиб боздид кардааст ё не. Агар не, ба вай муроҷиат кунад.
- Ниёзҳои Кали тағйир ёфтаанд, бинобар ин ӯ бояд аз арзёбии нав барои курсии ҳоҷатхона ва ҳаммом гузарад.
- Ҳангоми арзёбӣ, фаҳмед, ки оё Кали дар дигар фаъолиятҳо душворӣ мекашад ё не. Вай инчунин метавонад аз дигар маҳсулоти ёрирасон баҳра барад.
Шумо дарси панҷумро ба анҷом расондед!
Агар шумо ягон савол ё шарҳ дошта бошед, онҳоро дар форуми мусоҳибавӣ гузоред.