Курсиҳо барои ҳоҷатхона
Дар саросари ҷаҳон намудҳои гуногуни унитазҳо истифода мешаванд.
Утитазҳо барои истифодаи одамон бо тарзи нишаста ё нимнишаста сохта шудаанд.

Ниманишаста

Нишаста
Мусоҳиба

Чоҳ / ҳоҷатхона

Унитази обшӯядор / поядор
Дар минтақаи шумо ҳоҷатхонаҳои чоҳдор ё поядор бештар маъмуланд?
Курсии ҳоҷатхона метавонад дар болои аксари намудҳои унитаз ҷойгир карда шавад то одамон унитазро осонтар истифода баранд.

Курсии ҳоҷатхона болои унитази поядор
Дар баъзе ҳолатҳо, истифода бурдани курсии ҳоҷатхонаро на болои унитаз балки дар ҷои пинҳонӣ амалитар аст.
Дар ин ҳолат курсии ҳоҷатхона бо сатили ҷудошаванда истифода мешавад. Пас аз истифода сатилро ба унитаз холӣ кардан мумкин аст.

Курси ҳоҷатхона бо сатил
Савол
Бинобар кадом сабабҳо истифодаи курсии ҳоҷатхона бо сатили худ амалитар аст?
Баъзе сабабҳои эҳтимолӣ инҳоянд:
- Шахс дар рафтан ё ба минтақаи ҳоҷатхона расидан душворӣ мекашад
- Курси ҳоҷатхонаро дар болои унитаз бехатар гузошта намешавад
- Бисёр одамон аз як унитаз истифода мебаранд.
Намудҳои зиёди курсиҳои ҳоҷатхона мавҷуданд.
Ҳангоми интихоби курсиҳои ҳоҷатхона ҳамеша ба ин хусусиятҳои муҳим эътибор диҳед:
Хусусиятҳои муҳим
Барои бехатар ва самаранок будан, ҳама курсиҳои ҳоҷатхона бояд хусусиятҳои зеринро дошта бошанд:
- Мустаҳкам ва пойдор
- Ба занг ва об тобовар
- Барои пешгирӣ кардани осеб ҳамвор
- Дар пойҳо стоперҳои (банд) резинӣ (агар бечарх бошанд)
- Дорои тормоз (агар чархдор бошанд)
- Баландии танзимшавандаи пойҳо
- Барои бардоштани вазни корбар мушаххас.
Дигар хусусиятҳо
Дигар хусусиятҳое, ки муфиданд, бавижа барои одамоне, ки камтар ҳаракатнок ҳастанд ё ба дастгирии бештар ниёз доранд, инҳоянд:
- Сатил ҷудошаванда
- Чархакҳои зери поя
- Баландии танзимшавандаи дастаҳо
- Дастаҳои вошаванда
- Помонакҳои вошаванда ва бо баландии танзимшаванда
- Пӯшиши нарм рӯи нишастгоҳ ва дастаҳо
- Пӯшиши нарм рӯи такягоҳ
Фаъолият
Ба курсиҳои ҳоҷатхона, ки дар муассисаи шумо ё дар маҳалли шумо мавҷуданд, бодиққат нигаред.
- Ҳар як курсии ҳоҷатхона чандто аз « хусусиятҳои муҳим »-и дар боло номбаршударо дорад?
- Ҳар як курсии ҳоҷатхона чандто аз " дигар хусусиятҳо"-ро дорад?
- Оё курсиҳои ҳоҷатхона хусусиятҳои дигаре доранд, ки дар боло номбар нашудаанд?