Банақшагирӣ (аз ҷумла бозравонӣ)

Пешрафти мавзӯъ:

Нақшаи мухтасари чорабиниҳо

Пас аз арзёбӣ, бо шахс нақша тартиб диҳед. Якҷоя тасмим гиред:

  • оё ӯ ба ҳоҷатхона ва/ё ҳаммом ниёз дорад
  • rадом хусусиятҳо муҳиманд, аз ҷумла маҳдудияти вазн
  • шояд ӯ метавонад аз дигар дастгоҳи ёрирасон ва/ё бозравонӣ ба дигар хадамот баҳра барад.

Бахши банақшагирии варақаи арзёбӣ

Ҷадвали интихобро дар қафои варақаи арзёбӣ барои ба анҷом расондани нақша истифода баред.

Он нишон медиҳад, ки кадом хусусиятҳои курсии ҳаммом ё ҳоҷатхона вобаста ба ниёзҳои шахс бояд ба назар гирифта шаванд.

Ҷадвали интихоб дар саҳифаи 2 варақаи арзёбӣ.

Акнун биёед дар бораи ниёзҳои инфиродии ҳар як шахс ва тартиби нақшаи дуруст барои онҳо фикр кунем.

Маълумотро дар бораи Дай ва Лола хонед ва амалҳои зерро анҷом диҳед.

Фаъолият

Дай як марди солхӯрдаест, ки поён аз зонуяш қатъ (ампутатсия) шудааст ва барои истодан аз як ҷуфт асобағал истифода мебарад.

Бо Дай шинос шавед

Дай 65-сола аст ва чанде пеш ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд. Зери зонуаш қатъ шуд ва осеби устухони кос дорад. Ҳанӯз ӯ протези по надорад ва барои ҳаракат кардан аз асобағалҳо истифода мебарад.

Ҳангоми мусоҳиба барои арзёбӣ, Дай ба шумо мегӯяд, ки ӯ метавонад дар хона ба ҳаммоми равад. Бо вуҷуди ин, дар хона унитази бепоя аст ва ӯ наметавонад нимнишаста шинад. Барояш инчунин истодан дарднок ва душвор аст.

Дай ягон аломати бистарзах надорад ва дар хавфи пайдоиши он қарор нагирифтааст.

1. Оё Дай аз курсии ҳоҷатхона баҳра гирад?



Бале, ба курсии ҳоҷатхонае, ки дар болои унитази бепоя ҷойгир карда мешавад, нишастан, бархостан ва мувозинатро нигоҳ доштан хеле осонтар аст.

2. Оё Дай аз курсии ҳамом баҳра мегирад?



Бале, зеро Дай бехавфтар хоҳад буд ва ҳангоми дар ҳолати нишастагӣ оббозӣ кардан  камтар дард хоҳад дошт.

3. Бубинед, ки кадом хусусиятҳо ба фикри шумо барои курсии ҳоҷатхона ва ҳаммом барои Дай муфид хоҳанд буд.







Такягоҳ ва дастаҳо дурустанд.

Дай мегуяд, ки ба ҳаммом рафта метавонад. Бинобар ин, сатили ҷудошавандаи зери
курсии ҳоҷатхона ба ӯ лозим нест. Вай инчунин барои ҳарду курсӣ ба чарх ё поймонакҳо ниёз надорад.

Дай зери хатари бистарзахм қарор нагирифтааст, аз ин рӯ ба сатҳи рӯкашдор ниёз надорад.

Фаъолият

Лола бо зане, ки дар даст лавҳа ва қалам дорад, суҳбат мекунад.

Бо Лола шинос шавед

Лола 30-сола аст ва дар рафтан ба ҳоҷатхона мушкилӣ дорад. Вай наметавонад эҳсос кунад, ки кай ба ҳоҷатхона рафтан даркор ва тасодуфан пешобдон ва рӯдаҳояшро холӣ карданро сар кардааст. Ин мушкилот як ҳафта пеш оғоз ёфт. Пеш аз ин вай ягон душворй надошт ва саломатиаш хуб буд.

Шумо бояд чӣ кор кунед?





Лоларо фавран ба мутахассиси соҳаи тиб фиристонед, зеро ӯ шояд мушкилоти вобаста ба вазъи саломатӣ дошта бошад.

Шумо дарси дуюмро ба анҷом расондед!

Агар шумо ягон савол ё шарҳ дошта бошед, онҳоро дар форуми мусоҳибавӣ гузоред.

Форуми мусоҳибавӣ