Курсиҳо барои ҳаммом

Пешрафти мавзӯъ:

Курсӣ ва чорпояҳои (табуретка) ҳаммом ба шахсони дорои ҳаракатнокӣ, мувозинат, қувват ё ҳамоҳангии ҷисмониашон маҳдуд имкон медиҳанд, ки ҳангоми шустани худ нишинанд.

Онҳоро дар ҳамон ҷое, ки одамон худро мешӯянд, ба монанди ҳаммом, истифода бурдан мумкин аст.

Курсӣ бо дастаҳо, такягоҳ  ва пояҳои металлӣ бо стоперҳои резинӣ дар зери ҳар як по.

Курсӣ барои ҳаммом

Чорпояи (табуретка) обногузар бо дастаҳо, пойҳои металлӣ ва стоперҳои резинӣ дар зери ҳар як по.

Чорпоя барои ҳаммом

Савол

Ба расмҳои курсӣ ва чорпояи ҳаммом дар боло нигаред. Фарқи асосӣ байни онҳо дар чист?

Фарқияти асосӣ дар он аст, ки курсии ҳаммом такягоҳ дораду чорпоя не.

Курси ҳаммоми дорои такягоҳ одатан барои шахсе, ки мувозинат ё ҳамоҳангии суст дорад, беҳтар аст. Он инчунин барои шахсе, ки ба осонӣ хаста мешавад, муфид мебошад.

Намудҳои зиёди курсӣ ва чорпояҳои ҳаммом мавҷуданд.

Ҳангоми интихоби курсиҳои ҳаммом ҳамеша ба ин хусусиятҳои муҳим эътибор диҳед:

Хусусиятҳои муҳим

Ҳама курсӣ ва чорпояҳои ҳаммом бояд хусусиятҳои зеринро дар бар гиранд:

  • Мустаҳкам ва пойдор
  • Ба занг ва об тобовар
  • Барои пешгирӣ кардани осеб ҳамвор
  • Дар пойҳо стоперҳои (банд) резинӣ (агар бечарх бошанд)
  • Дорои тормоз (агар чархдор бошанд)
  • Баландии танзимшавандаи пойҳо
  • Барои бардоштани вазни корбар мушаххас.

Курсӣ бо дастаҳо, такягоҳ  ва пояҳои металлӣ бо стоперҳои резинӣ дар зери ҳар як по.

Дигар хусусиятҳо

Дигар хусусиятҳое, ки метавонанд муфид бошанд, махсусан барои одамоне, ки ба дастгирии бештар ниёз доранд ё ҳаракатнокияшон сустар аст, инҳоянд:

  • такягоҳ
  • Чархакҳои зери поя бо тормоз
  • Дастакҳои вошаванда
  • Помонакҳои вошаванда ва баландиашон танзимшаванда
  • Рӯкаши (пӯшиши нарм) рӯи нишастгоҳ, дастаҳо ва такягоҳ.

Курсии ҳаммом бо чархакҳои зери по ва тормоз, даста ва помонакҳои вошаванда, баландии танзимшаванда, нишастгоҳ, даста ва такягоҳи рӯкашдор (пӯшиши нарм).

Фаъолият

Ба курсӣ / чорпояҳои ҳаммом, ки дар муассисаи ё дар маҳалли шумо мавҷуданд, бодиққат нигаред.

  • Ҳар як курсӣ ё чорпояи ҳаммом чандто аз " хусусиятҳои муҳим"-ро дорад?
  • Ҳар як курсии ҳаммом чандто аз дигар хусусиятҳо-ро дорад?
  • Оё курсиҳои ҳоҷатхона хусусиятҳои дигаре доранд, ки дар боло номбар нашудаанд?

Курсӣ ва чопояҳои таркибӣ

Баъзе курсиҳои ҳоҷатхона бо роҳе тарҳрезӣ шудаанд, ки ҳамчун курсии ҳаммом низ истифода шаванд.

Ин метавонад барои шахсоне муфид бошад, ки ҳам ба курсии ҳоҷатхона ва ҳам курсии ҳамом ниёз доранд, зеро барои онҳо танҳо як маҳсулот лозим аст.

Курсии дорои чархакҳои зери по бо тормоз, даста ва помонакҳои вошаванда, баландии танзимшаванда, нишастгоҳ, даста ва такягоҳи рӯкашдор (пӯшиши нарм).

Курсиҳои махсуси ҳаммом ва ҳоҷатхона

Баъзе курсиҳои ҳаммом ва ҳоҷатхона дастгирии иловагиро барои қомат доранд. Курсиҳои мазкур барои кӯдакон ё калонсолоне лозиманд, ки дар рост нишастан душворӣ мекашанд.

Курси дорои тахтапушт, гардан ва паҳлӯҳо. Ҷойгоҳ сӯрохи бурида ва чархҳои чархдор ва пояҳои пой дорад.

Ин модул дастур оид ба чӣ гуна таъмин кардани курсиҳои махсуси ҳаммом ва ҳоҷатхона пешниҳод намекунад.

Форуми мусоҳибавӣ