Кӣ курсиҳои ҳоҷатхона ва ҳаммомро истифода мебарад?

Пешрафти мавзӯъ:

Кӯдакон, калонсолон ва пиронсолон бинобар омилҳои гуногун аз курсиҳои гуногуни ҳоҷатхона ва ҳаммом истифода мебаранд.

Омилҳои мазкур сабабҳои зеринро доранд:

  • Монеаҳо дар муҳити зист
  • Қобилиятҳои ҷисмонӣ.

Савол

1. Дар зер баъзе омилҳое оварда шудаанд, ки бинобар сабаби онҳо ба ҳоҷатхона рафтан ё шустани худ душвор буда метавонад.

Монеаҳои вобаста ба муҳити зистроинтихоб кунед.





Монеаҳо вобаста ба муҳити зист инҳоянд:

  • Роҳ ба ҳоҷатхона ё майдони шустушӯ танг, бесару сомон, ноҳамвор ё пурнишеб аст
  • Масофа то ҳоҷатхона ё ҷои шустушӯй хеле дур аст
  • Дар ҳоҷатхона ё майдони шустушӯ зинаҳо мавҷуданд.

2. Дар зер баъзе дигар омилҳое оварда шудаанд, ки бинобар сабаби онҳо ба ҳоҷатхона рафтан ё шустани худ душвор буда метавонад.

Сабабҳое, ки аз қобилиятҳои ҷисмонии шахс вобастаанд, интихоб кунед.





Сабабҳои вобаста ба қобилияти ҷисмонӣ инҳоянд:

  • Ба одам нишастан ва ё дар ҳолати нимнашаст қарор гирифтан душвор аст
  • Одам истода наметавонад ё бехатар истодан барояш душвор аст
  • Одам дар як соли охир зиёда аз як маротиба афтидааст ё аз афтидан метарсад.

Мисолҳои чанд одамеро, ки ин маҳсулотро истифода мебаранд ва сабабҳояшонро хонед.

Питер, марди айнакдор бо кафши хонапӯш ва дастмол дар камар, аз аробачаи маъюбӣ ба курсии ҳаммом мегузарад. Вай як дасташро ба дастаи аробачаи маъюбӣ ва дигарашро ба курсии ҳаммом мегузорад.

Бо Питер шинос шавед

Сутунмӯҳраи Питер осеб дидааст ва ӯ пойҳояшро ба ҳаракат дароварда наметавонад. Ӯ барои ҳаракат кардан аробачаи маъюбиро истифода мебарад.

Питер курсии ҳаммомро истифода мебарад, зеро ӯ барои шустани худ рост истода наметавонад. Ҳаммоми ӯ дастрас аст. Ӯ метавонад худаш ба он ҷо равад ва аз аробачаи маъюбӣ ба курсии ҳаммом худро интиқол диҳад.

Аида бо дасти росташ асо истифода мебарад ва дасти чапаш ба баданаш тоб хурда аст.

Бо Аида шинос шавед

Аида сактаи мағзи сар дошт, ки боиси сустӣ дар паҳлӯи чапаш шуд. Вай барои ҳаракат кардан асоро истифода мебарад.

Ҳаракати маҳдуди вай маънои онро дорад, ки ҳангоми зарурат ба ҳочатхона рафтан, вай ба қадри кофӣ зуд ҳаракат карда наметавонад. Барои вай инчунин ба унитаз шиштан ва аз он хестан душвор аст.

Курси ҳоҷатхона болои унитази поядор ҷойгир шудааст. Нишастгоҳи курсии ҳоҷатхона баландтар аст ва дастаҳо барои қапидан ҷо доранд.

Барои Аида курсии ҳоҷатхона бо дастаҳо кумак мекунад. Вай ҳангоми нишастан ва бархостан аз дастаҳо барои дастгирӣ истифода мебарад.

Курси ҳоҷатхона дар давоми рӯз дар болои унитаз ҷойгир аст ва духтараш барои расидан ба он кумак мекунад.

Курсии ҳоҷатхона бо сатил дар паҳлӯи кат ва бо дастаи вошуда ба кат наздик

Шабона курсии ҳоҷатхона дар паҳлӯи кати вай аст. Ин барои мустақилона ба рӯи он баромаданаш кумак мекунад.

Аида инчунин аз курсии ҳаммом истифода мебарад.

Дар дарси оянда шумо дар мавриди чӣ тавр интихоб кардани курсии мувофиқи ҳоҷатхона ё ҳаммом вобаста ба ниёзҳои шахс мефаҳмед.

Шумо дарси якумро ба анҷом расондед!

Агар шумо ягон савол ё шарҳ дошта бошед, онҳоро дар форуми мусоҳибавӣ гузоред.

Форуми мусоҳибавӣ