Шиносоӣ бо чор марҳилаи хизматрасонӣ

Пешрафти мавзӯъ:

Маҳсулоти ёрирасон бояд тавассути хизматрасонии муташаккил таъмин карда шаванд.

TAP чор қадами муҳимро барои таъмини бехатар ва самараноки маҳсулоти ёрирасон муаррифӣ мекунад. Якҷоя, ин қадамҳо кумак мекунанд, то боварӣ ҳосил шавад, ки шахс:

  • Соҳиби мувофиқтарин маҳсулоти ёрирасон, аз қатори маҳсулоти дастрас, барои ниёзҳои худ шавад
  • Маълумот ва маҳоратҳо дар мавриди нигоҳубин ва истифодаи бехатар ва хуби маҳсулоти ёрирасони худ дорад
  • Пайваста дастгирӣ мешавад, то маҳсулоти ёрирасон ҳанӯз ҳам ниёзҳои ӯро қонеъ кунад ё ҳангоми зарурат иваз карда шавад.

Чор марҳилаи пешниҳоди хизматрасонӣ марбут ба маҳсулоти ёрирасон инҳоянд:

  1. Интихоби маҳсулоте, ки ба ниёзҳои шахс мувофиқат мекунад.
  2. Мувофиқ сохтани маҳсулоти ёрирасон
  3. Омӯзондани шахс дар мавриди тарзи истифода ва нигоҳубини маҳсулоти ёрирасон.
  4. Пайгирӣ, аз ҷумла таъмири сатҳи бунёдӣ ва нигоҳдорӣ.

Видеоро тамошо кунед, то чор қадамро дар амал бубинед.

Форуми мусоҳибавӣ