Маҳсулоти ёрирасон ва чӣ гуна онҳо одамонро дастгирӣ мекунанд
Маҳсулоти ёрирасон маҳсулоте ҳастанд, ки одамон барои иҷрои вазифаҳое истифода мебаранд, ки дар акси ҳол анҷом доданашон душвор ё тамоман имконнопазир аст.
Маҳсулоти ёрирасон метавонанд аз ҷониби кӯдакон, калонсолон ва одамони солхӯрда истифода шаванд.
Маҳсулоти ёрирасон инчунин метавонанд таҷҳизоти ёрирасон ё воситаҳои ёрирасон номида шаванд.
Маҳсулоти ёрирасон одамонро аз бисёр ҷиҳат дастгирӣ мекунанд. Маҳсулоти ёрирасони дуруст метавонанд шахсро дар масъалаҳои зерин дастгирӣ кунанд:
- Дар он чизе, ки мехоҳанд ё ниёз ба он доранд ҳамроҳ шаванд ё иштирок варзанд
- Мустақилтар шудан ва ба дастгирии парасторон камтар ниёз доштан
- Саломатӣ ва некӯаҳволии беҳтар доштан
Видеоҳоро тамошо кунед, то фаҳмед, ки чӣ гуна маҳсулоти ёрирасон метавонанд одамонро дар ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо дастгирӣ кунанд.
Андешаронӣ
- Дар видеоҳо одамон кадом намуди маҳсулоти ёрирасонро истифода мебаранд?
- Маҳсулоти ёрирасон дар ҳаёти онҳо чӣ дигаргуниро эҷод мекунанд?
Бисёр намудҳои гуногуни маҳсулоти ёрирасон мавҷуданд. Тавассути ҳар як модули TAP, шумо метавонед дар бораи баъзе маҳсулоти ёрирасоне, ки ба "Рӯйхати маҳсулоти афзалиятноки ёрирасони ТУТ" дохил карда шудаанд, маълумот гиред.
Ин маҳсулоти ёрирасонеро дар бар мегирад, ки дар масъалаҳои зерин метавонанд кумак кунанд:
- Шинохт (фикронӣ) - ба мисли қуттии махсус барои нигоҳдорӣ ва сари вақт истеъмоли доруворӣ ва тахтаҳои сафед барои ба ёд овардани чизҳо

Қуттии махсус барои нигоҳдорӣ ва сари вақт истеъмоли доруворӣ

Тахтаи сафед
- Иртибот - ба монанди тахтаҳои иртиботӣ, китобҳо ва кортҳо

Тахтаи иртиботӣ
- Шунавоӣ - ба монанди дастгоҳҳои шунавоӣ ва воситаҳои ҳушдордиҳанда, ки нур, садо ва ларзишро истифода мебаранд

Воситаи шунавоӣ

Дастгоҳи ҳушдордиҳанда
- Ҳаракатнокӣ (интиқол) - ба монанди воситаҳои роҳгардӣ, пандусҳои сайёр ва дастқапакҳо

Роҳраваки чархдор

Роҳравак (-и бечарх)

Дастқапак

Пандуси интиқолшаванда
- Худнигоҳубинӣ - ба монанди курсиҳо барои қазои ҳоҷат ва оббозӣ, латтаҳои ҷабанда ва катетерҳо

Курсӣ барои ҳоҷатхона

Матои абсорбент

Катетери Нелатон

Катетери Фоли
- Биниш (дидан) - ба монанди айнаки хониш, лупа, плеери аудио, соатҳои гуфтугӯ ва/ё ламс ва асои сафед

Айнак барои хониш

Пурбини дастӣ

Асои нобиноён

Соати сухангӯ ё ламсӣ
Аксар вақт як маҳсулоти ёрирасон бештар аз як намуд дорад.
Масалан:
- Воситаҳои роҳгардӣ асоҳои то оринҷ, асобағалҳо, роҳравакҳо ва асоҳоро дар бар мегиранд.

Асобағалҳо

Асоҳои то оринҷ

Роҳраваки чархдор

Асо
- Ба пурбинҳо заррабинҳои дастӣ (масалан, заррабинҳои кисагӣ), пурбинҳои рӯимизӣ ва айнакҳои бузургнамо дохил мешаванд.

Пурбини дастӣ

Заррабини кисагӣ

Пурбини рӯимизӣ

Айнаки бузургнамо
Мусоҳиба
Оё шумо мисолҳое медонед, ки чӣ гуна яке аз маҳсулоти ёрирасоне, ки дар ин мавзӯъ муаррифӣ шудааст, ба шумо ё одамоне, ки шумо мешиносед, кумак кардааст?
Дар бораи дигар маҳсулоти ёрирасон чӣ гуфтан мумкин аст?
Агар шумо дар як гурӯҳ бошед, мисолҳоро бо ҳамдигар мубодила кунед.