Барои муайян кардани он, ки оё шахс метавонад аз маҳсулоти ёрирасони ҳаракатнокӣ баҳра барад ё на, аз ин қисми варақаи санҷишӣ истифода баред.

Воситаҳои роҳгардӣ ва аробачаҳои маъюбӣ
Аз шахс пурсед:
Истодан ва қадам задан метавонед?
Одамоне, ки барои бехатар роҳ гаштан ба кумак ниёз доранд, шахсоне, ки танҳо масофаи кӯтоҳро тай кардан метавонанд, бо як по қадам мезананд ё дар роҳ гаштан бо душвориҳои дигар дучор мешаванд, метавонанд аз воситаи роҳгардӣ баҳра баранд.
Арзёбӣ барои воситаи роҳгардӣ муайян мекунад, ки кадом намуди восита барои шахс бештар мувофиқ аст.
Баъзе одамон метавонанд аз воситаи роҳгардӣ ва аробачаи маъюбӣ баҳра баранд.

Калиро дар хотир доред?
Калӣ артрит дорад ва заиф аст. Вай аз роҳравак дар дохили биноҳое, ки замини ҳамвор доранд, истифода мебарад.
Калӣ барои ҳаракат кардан дар берун ё тай намудани масофаи дур аз аробачаи маъюбӣ истифода мебарад.
Одамоне, ки мумкин аст ба аробачаи маъюбӣ ниёз доранд, ба хадамоти таъмини аробача бозравонӣ кунед.
Фаъолият
Дар наздатон нусхаи варақаи санҷиши маҳсулоти ёрирасони TAP барои ҳаракатнокӣ бошад.
Қисми "Воситаи роҳгардӣ ва/ё аробачаи маъюбӣ"-ро дар Бахши 4-и варақаи санҷишӣ барои мисоли омӯзишии зерин анҷом диҳед ва тасмим гиред, ки кадом тадбирҳоро меандешед.
Ҷеклин зани солхӯрда ва заиф аст. Вай дар ҳаракат кардан душворӣ мекашад ва кумак мехоҳад.
Ҷеклин танҳо масофаи кӯтоҳро метавонад тай кунад, зеро хеле зуд хаста мешавад. Вай рӯи ҳарду пояш метавонад вазн гузорад. Ӯ ягон захми по ё панҷаи по надорад.
Бахшҳои дахлдори варақаи санҷиширо барои Ҷеклин хонапурӣ кунед.
Шумо кадом чораҳоро меандешед?

- Ҷеклин метавонад аз воситаи роҳгардӣ баҳра барад. Қадами навбатӣ - гузаронидани арзёбии воситаи роҳгардӣ мебошад.
- Ҷеклин инчунин метавонад аз аробачаи маъюбӣ баҳра барад. Қадами навбатӣ - варианти мазкурро бо ӯ муҳокима кардан аст. Агар ӯ фикр кунад, ки аробачаи маъюбӣ барои вай муфид аст, ӯро ба хадамоти таъмини аробачаи маъюбӣ бозравонӣ кунед.
Пандусҳои интиқолшаванда
Аз шахс пурсед:
Оё ба шумо мунтазаман аз миқдори ками зинапояҳо ба боло баромадан ва поён фаромадан, ба дохили мошин даромадан ва баромадан зарур аст?
Одамоне, ки аз аробачаи маъюбӣ, роҳраваки чархдор ё роҳраваки бечарх истифода мебаранд, мумкин аст аз пандусҳо низ истифода баранд. Пандуси интиқолшаванда барои шахсоне, ки танҳо якчанд қадам аз зинапоя боло ва поён мераванд ва/ё ба дохили воситаи нақлиёт медароянд ва аз он берун мебароянд, метавонад муфид бошад.
Арзёбии пандусҳои интиқолшаванда муайян мекунад, ки оё пандус ба шахс мувофиқат мекунад ё на.

Дастқапакҳо
Аз шахс пурсед:
Оё шумо дар нигоҳ доштани мувозинат, рост нишастан, истодан ё ҳаракат кардан дар хона мушкилӣ доред?
Дастқапакҳо дар хонаҳо ба одамоне, ки аз сабаби мувозинати суст ҳангоми ҳаракат кардан душворӣ мекашанд, метавонанд кумак расонанд.
Дастқапакҳо инчунин метавонанд хавфи афтиданро коҳиш диҳанд.
Арзёбии дастқапак метавонад муайян кунад, ки оё он ба шахс кумак мекунад ё на.

Лавҳаҳои интиқол
Аз шахс пурсед:
Оё шумо дар интиқол додани баданатон аз як ҷо ба ҷои дигар душворӣ мекашед?
Лавҳаҳои интиқол метавонанд ба баъзе одамон барои аз як мавқеъ ба ҷои дигар интиқол додан кумак кунанд. Масалан ба ва берун аз кат, ҳоҷатхона, диван ё воситаи нақлиёт.
Шахсоне, ки аз воситаи роҳгардӣ ё аробачаи маъюбӣ истифода мебаранд бавижа метавонанд баҳра баранд.
Арзёбии лавҳаи интиқол метавонад муайян кунад, ки оё лавҳа ба онҳо кумак мекунад ё на.

Протези панҷаи по ё протези по
Аз шахс пурсед:
Оё шумо протез истифода мекунед?
Муҳим аст, ки шахсе, ки аз протези панҷаи по ё протези по истифода мебарад, мунтазам аз мутахассис пайгирӣ кунад.
Дастгоҳҳои протезӣ метавонанд фарсуда шаванд ва ҷои қатъшудаи (ампутатсия) пои шахс ва ниёзҳои ӯ тағйир ёбанд.
Бо шахс перомуни масъалаҳои зерин сӯҳбат кунед:
- Оё протези онҳо ҳануз ҳам хуб ва бароҳат аст?
- Оё дар ҷои қатъшудаи по ягон доғи сурх ё захм ё ҷойҳои дарднок ҳаст?
- Оё протез ҳануз ҳам дар ҳолати хуб қарор дорад?
Агар шумо ё шахс ягон нигаронӣ дошта бошед, ӯро ба хадамоти протезӣ бозравонӣ кунед.
На ҳама метавонанд протезро бомуваффақият истифода баранд. Ин аз омилҳои зерин вобаста аст:
- Саломатӣ ва омодагии ҷисмонии шахс
- Ҳолати қисми боқимондаи пои шахс
- Вазъияти пои дигари шахс
- Намудҳои протезҳои дастрас
Протезисти соҳибихтисос бояд ҳар як шахсро арзёбӣ кунад, то муайян кунад, ки оё протез ба онҳо кумак мекунад ё на.
Агар дар минтақаи шумо хадамоти таъмини протез мавҷуд бошад, шахсро барои арзёбӣ ба он ҷо фиристонед. Агар хадамот дар масофаи дур ҷойгир бошад, беҳтараш аввал бо хадамот тамос гиред, то бубинед, ки оё онҳо бозравониро тавсия медиҳанд ё на.

Одамоне, ки пояшон қатъ шудааст, метавонанд бо роҳҳои гуногун ҳаракат кунанд, масалан, бо истифода аз воситаи роҳгардӣ ва/ё а аробачаи маъюбӣ.
Одамоне, ки аз протез истифода мебаранд, эҳтимолан дигар маҳсулоти ёрирасони ҳаракатро низ истифода мебаранд.

Дигар намудҳои маҳсулоти ёрирасон
Аз шахс пурсед:
Оё шумо бо биноӣ, шунавоӣ, худнигоҳубинӣ, иртибот, андешаронӣ ва/ё хотира душворӣ доред?

Одамоне, ки маҳсулоти ёрирасони ҳаракат доранд, инчунин метавонанд аз дигар намудҳои маҳсулоти ёрирасон баҳра баранд.

Алишаро дар хотир доред?
Алиша фалаҷи мағзи сар дорад. Вай аз роҳраваки (гомёр) пуштӣ ва маҳсулоти ёрирасон, ки барои худнигоҳубинӣ ва рафтан ба ҳоҷатхона кумак мекунанд, истифода мебарад.

Аидаро дар хотир доред?
Вай сактаи мағзи сар дошт. Ӯ аз асо ва воситаҳои либоспӯшӣ барои пӯшидани либос ва осонтар ба ҳоҷатхона рафтан истифода мебарад.
Гарчанде ки ин санҷиши ҳаракатнокӣ аст, дар хотир доштан муҳим аст, ки шахс метавонад аз кумак дар дигар соҳаҳо баҳра барад.
Агар онҳо ба шумо гӯянд, ки дар дигар соҳаҳо (ба монанди биноӣ, шунавоӣ, худнигоҳубинӣ, иртибот, андешаронӣ ва/ё хотира) мушкилӣ доранд, фаҳмонед, ки барои дарёфти маълумоти бештар боз чанд савол аз онҳо мепурсед.
Ба модулҳои дигари муқаддимавии TAP барои саволҳои одии санҷишӣ ва воситаҳо барои муайян кардани дигар маҳсулоти ёрирасоне, ки шояд шахс ба онҳо ниёз дорад, нигаред.