Гузаштан ба мундариҷаи асосӣ
Мобилият

Нақша

Дарс: 3 аз 4
Мавзӯъ: 4 аз 5
0% Пурра

Пас аз ҷавоб додан ба саволҳои санҷишӣ, шумо бояд бо шахс дар бораи қадамҳои оянда нақша тартиб диҳед.

Шумо метавонед нақшаро дар поёни варақаи санҷишӣ сабт кунед.

Бахши варақа оид ба нақша.

Санҷишро нисбат ба самтҳои мазкур гузаронед

Агар шахс дар дигар соҳаҳо душворӣ дошта бошад ва аз санҷиш барои дигар маҳсулоти ёрирасон манфиат гирад.

Саволҳои санҷишӣ ва/ё абзорҳои дигар модулҳои муқаддимавии TAP-ро барои кумак истифода баред.

Арзёбӣ кунед

Ҷавобҳои шахс ба саволҳои санҷишӣ нишон медиҳанд, ки оё ӯ метавонад аз воситаҳои зерин манфиат гирад ё на:

  • Воситаи роҳгардӣ
  • Пандуси интиқолшаванда
  • Дастқапак дар хона
  • Лавҳаи интиқол
  • Пойафзолҳои терапевтӣ

Бо онҳо дар мавриди арзёбии минбаъда ба мувофиқат расед.

Агар пас аз арзёбӣ маълум шавад, ки маҳсулот мувофиқ аст, онро пешниҳод кунед.

Раванди чор қадами TAP-ро истифода баред:

Графикаи TAP бо рақамҳои 1, 2, 3 ва 4.]

  1. Интихоб кунед
  2. Мувофиқ кунед
  3. Истифода баред
  4. Пайгирӣ кунед

Дар хотир доред: Тарзи арзёбӣ, мувофиқ кардани маҳсулот, ба шахс омӯзонидани тарзи истифода ва нигоҳубини маҳсулот ва чизҳои асосӣ барои пайгирӣ, ҳама дар модулҳои маҳсулоти TAP фаро гирифта шудаанд.

Савол

Шумо чӣ кор карда метавонед, агар ин маҳсулотро надошта бошед (воситаҳои роҳгардӣ, пандуси интиқолшаванда, дастқапакҳо, лавҳаи интиқол)?

  • Зарурат ба маҳсулоти гуногунро сабт кунед ва бо роҳбари худ муҳокима кунед
  • Муайян кунед, ки оё хадамотҳои дигаре ҳастанд, ки метавонанд ин маҳсулотро таъмин кунанд
  • Бо шахс муҳокима кунед, ки оё ӯ метавонанд маҳсулотро худаш дастрас кунад
  • Бубинед, ки оё корхонаҳои аробачаи маъюбӣ / протезӣ/ортезӣ ҳар кадоми ин маҳсулотро метавонанд созанд.

Омӯзонед

Ҷавобҳои шахс ба саволҳои санҷишӣ нишон медиҳанд, ки оё онҳо ҳамоно аз маслиҳат дар бораи масъалаҳои зерин манфиат мегиранд ё на

  • Тарзи нигоҳубини панҷаҳои по
  • Намуди пойафзолҳои мувофиқ ва сабаби пӯшидани онҳо

Маълумот дар бораи нигоҳубини панҷаҳои по ва пойафзоли мувофиқ ва сабаби пӯшидани онҳо дар мавзӯи навбатӣ баррасӣ мешавад.

Бозравонӣ ба дигар хадамот

Баъзе одамон шояд ба нигоҳубини махсус нисбат ба хизматрасоние, ки шумо ё хадамоти шумо пешниҳод мекунад, ниёз доранд.

Донистани он, ки кай ва ба куҷо бояд шахсро бозравонӣ кунед, хеле муҳим аст.

Ҷавобҳои шахс ба саволҳои санҷишӣ нишон медиҳанд, ки оё бозравонӣ муфид хоҳад буд ё на.

Дар хотир доред, ки пешниҳоди бозравонӣ бояд ҳамеша бо шахс муҳокима ва мувофиқа карда шавад.

Андешаронӣ

Кадом хизматрасониҳо ҳастанд, ки одамонро метавон ба он ҷо бозравонӣ кард?

Дар бораи он фикр кунед, ки шахсро ба назди кӣ ва куҷо бозравонӣ мекунед, агар шахс ниёзҳои зерин дошта бошад:

  • Кумаки тиббӣ
  • Муолиҷаи захм
  • Тавонбахшӣ - барои калонсолон
  • Тавонбахшӣ - барои кӯдакон
  • Муолиҷаи диабет
  • Муассисаи тиббӣ барои муолиҷаи захми панҷаи по
  • Аробачаи маъюбӣ
  • Таъмири протез
  • Арзёбӣ барои протез.

Оё ин хизматрасониҳо ба осонӣ дастрасанд? Оё шумо медонед, ки чӣ тавр шахсро ба ин хизматрасониҳо фиристод?

Фироз, писарбачаи хурдсол, дар курсӣ нишастааст бо панҷаҳои пой рӯи зинаҳои хурд. Модараш дар паҳлуяш нишаста, дасташро медорад.

Бо Фирӯз шинос шавед

Фирӯз 9 сола аст. Вай роҳ гашта наметавонад ва барои аробачаи маъюбӣ бозравонӣ шудааст.

Хизматрасон инчунин медонад, ки дар наздикӣ як хадамоти тавонбахшӣ мавҷуд аст, ки барои кӯдакони дорои маъюбият машварат ва барномаҳои табобатӣ ва барои волидон гурӯҳҳои дастгирии парасторон пешниҳод мекунад. Бо иҷозати Фирӯз ва модараш хизматрасон онҳоро ба хадамоти тавонбахшӣ мефиристад.

Пайгирӣ кунед

Ҳама аз пайгирӣ манфиат мегиранд. Бо вуҷуди ин, пайгирӣ барои шахсони зерин аз ҳама муҳимтар аст:

  • Кӯдакон, зеро онҳо ҳанӯз ҳам ба воя мерасанд
  • Ҳар касе, ки хавфи инкишофи захми панҷаи по ё бистарзахм дорад, зеро душвориҳои мазкур хавфи ҷиддӣ барои саломатӣ мебошанд
  • Ҳар касе, ки бемории пешраванда дорад, зеро ниёзҳои онҳо тағйир меёбанд
  • Ҳар касе, ки бо ягон омӯзиш ё дастури ба онҳо додашуда мушкилӣ дорад.

Вақти пайгирӣ аз ниёзҳои шахс ва то чӣ андоза зуд тағйир ёфтани ин ниёзҳо вобаста аст.