Гузаштан ба мундариҷаи асосӣ
Мобилият

Санҷиши одии ҳаракатнокӣ ва хатар ба саломатӣ

Дарс: 3 аз 4
Мавзӯъ: 1 аз 5
0% Пурра

Дар ин мавзӯъ шумо дар бораи чӣ гуна қисмати якуми ташхиси маҳсулоти ёрирасони ҳаракатро анҷом бояд дод, хоҳед омӯхт.

Хизматрасон арзёбиро тавассути мусоҳиба бо мард ва зани ӯ мегузаронад. Ҳама рӯбарӯ нишастаанд.

Агар ҳануз нусхаҳои зерини санадҳоро боргирӣ ва чоп накарда бошед, онро анҷом диҳед:

Агар варақаро боргирӣ карда натавонед, хавотир нашавед. Ҳар яке аз саволҳои варақа ҳангоми баррасии модул ба таври равшан нишон дода мешаванд.

Варақаи ташхиси Маҳсулоти ёрирасони TAP барои ҳаракат

Варақаи ташхиси ҳаракат як асбоби одиест, ки онро ҳангоми санҷиш ҳамчун дастур истифода бурдан мумкин аст.

Варақаи мазкур барои дарёфт кардани масъалаҳои зерин аз шахси дорои душвории ҳаракат саволҳоро дар бар мегирад:

  • оё шахс аз маҳсулоти ёрирасони ҳаракат, ки дар варақаи ташхисӣ дохил карда шудаанд, метавонад баҳра барад ё на.
  • оё бозравонӣ ба мутахассиси соҳаи тандурустӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ, хадамоти протез ва ортез ё кумаки дигар зарур бошад ё на.

Ҳар вақте ки шумо ин ишораро дар варақа дидед, ин маънои онро дорад, ки шояд шахсро ба дигар муассиса бояд равон кард.

Ин ташхис ба дастгоҳҳои ҳаракат таваҷҷуҳ мекунад. Бо вуҷуди ин, шахсе, ки аз дастгоҳи ҳаракат истифода мебарад, метавонад аз дигар намудҳои маҳсулоти ёрирасон низ баҳра барад.

Дар охири варақа барои навиштани қайдҳо ва тартиб додани нақша барои шахс ҷой мавҷуд аст.

Биёед акнун ҳар як қисми ташхиси ҳаракатро аз назар гузаронем.

Маълумот дар бораи шахс

Бо ҷамъоварии маълумоти умумӣ дар бораи шахс, аз ҷумла тафсилоти тамос, ҷинс ва синну соли онҳо оғоз кунед.

Санҷиши одии ҳаракатнокӣ ва хатар ба саломатӣ

Пеш аз пешниҳоди дастгоҳ барои ҳаракат, муҳим аст, ки ҳама гуна хавфҳои вобаста ба ҳаракат ё саломатиро санҷед, ки шояд таҳқиқи иловагӣ ва/ё ҳаллу фаслро талаб кунанд.

Бахши варақа вобаста ба хавфҳои вобаста ба ҳаракат ва саломатӣ

Аз ин қисми варақаи ташхис истифода баред, то фаҳмед, ки оё ҳаракатнокӣ ё саломатии шахс зери хавф аст ё на.

Ногаҳон аз даст додани ҳаракатнокӣ

Аз шахс пурсед:

Оё ҳаракатнокии шумо дар се моҳи охир хеле коҳиш ёфтааст?

Ногаҳон аз даст додани ҳаракатнокӣ, метавонад ишора аз он бошад, ки шахс бо саломатиаш душворие дорад, ки бояд арзёбӣ ва табобат карда шавад.

Барои маслиҳати иловагӣ ба мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва/ё тавонбахшӣ бозравонӣ кунед.

Шахс ҳануз метавонад аз дастгоҳи ҳаракат баҳра барад, бинобар ин ташхисро анҷом диҳед.

Андешаронӣ

Оё шумо метавонед дар бораи шиносатон фикр кунед, ки ногаҳон солиматиашро аз даст дод ё қобилияти ҳаракаташро гум кард?

Оё онҳо душворӣ бо вазъи саломатӣ (беморӣ) доштанд?

Қобилияти ҳаракати кӯдакон

Аз волидон ё парастори кӯдакони хурдсол пурсед:

Оё кӯдак аз синни ду боло аст ва ҳанӯз роҳ намеравад?

Дар синни дусолагӣ аксари кӯдакон мустақилона роҳ гашта метавонанд.

Агар кӯдак аз дусола боло бошад ва ҳануз роҳ намеравад, дар бораи бозравонии ӯ ба мутахассиси соҳаи тиб ё хадамоти тавонбахшӣ суҳбат кунед.

Бозравонии зудҳангом имкони беҳтарин барои рушди қобилиятҳои кӯдакро фароҳам меорад.

Зан бо рӯймоли дароз, ки сару баданашро пӯшидааст, кӯдакро рӯи ронаш дошта табассум мекунад.

Хавфи афтодан

Аз шахс пурсед:

Оё шумо аз афтидан хавотиред ё зуд-зуд меафтед?

Агар шахс душворӣ бо нигоҳ доштани мувозинат дошта бошад, ӯ метавонад аз афтидан хавотир шавад.

Афтидан махсусан барои одамони солхӯрда хатарнок аст. Онҳо эҳтимоли бештар осеб бинанд ва барои барқароршавии онҳо вақти зиёд лозим аст.

Хавфи афтидан метавонад бинобар душвориҳои гуногун, аз ҷумла биноӣ ё шунавоӣ, андешаронӣ ва хотира, заифӣ ва нигоҳдории мувозинат афзоиш ёбад.

Агар шахси солхӯрда дар 12 моҳи охир зиёда аз як маротиба афтода бошад, онҳо хавфи дубора афтиданро доранд.

Бо онҳо муҳокима кунед, ки оё маҳсулоти ҳаракатнокӣ ё дигар маҳсулоти ёрирасон барои пешгирӣ аз афтидан кумак хоҳад кард ё на.

Шумо инчунин метавонед онҳоро ба хадамоти тавонбахшӣ барои арзёбии пурраи эҳтимолияти афтидан бозравонӣ кунед.

София, занест, ки пойафзоли мустаҳкам дорад ва бо дастгирии роҳраваки чархдори худ қадам мезанад.

Бо София вохӯред

София 68-сола аст ва дар вақтҳои охир дар хонааш чандин бор афтидааст. Пас аз арзёбӣ, ба София барои ҳаракат карданаш як роҳраваки чархдор дода шуд. Вай аз рафтан ба мағозаҳои маҳаллӣ лаззат мебурд. Бо вуҷуди ин, София чанде пас ҳангоми шабона ба ҳочатхона рафтан афтод.

Фаъолият

Кадом амалҳои зерин барои София муфид хоҳанд буд?

Дуруст

Хизматрасонӣ дар бахши тавонбахшӣ метавонад машқҳоро барои тақвияти қувват, мувозинат ва ҳамоҳангсозӣ тавсия кунад. Хизматрасонии мазкур инчунин метавонад ба София барои то ҳадди имкон бехатар гардондани муҳити атрофаш ҷиҳати пешгирӣ аз афтодан маслиҳат пешкаш кунад.

Дуруст

Дастқапак ба София ҳангоми хестан аз бистар ва нигоҳ доштани мувозинат метавонад кумак кунад.

Дуруст

Вай шояд ба дигар маҳсулоти ёрирасон ниёз дошта бошад - масалан; мушкилоти боноӣ ё шунавоӣ қобилияти нигоҳ доштани мувозинатро коҳиш медиҳанд ва хатари афтиданро зиёд мекунанд. Воситаи шахсии ҳушдордиҳанда метавонад бонг диҳад, агар София афтиду аз ҷо хеста натавонад.

Бистарзахмҳо

Бистарзахм - кафидани пӯст аст. Он одатан дар рӯи як минтақаи устухон, ба монанди пушт, устухони рон ё сурин рух медиҳад.

Бистарзахмҳо як душвории маъмул барои одамоне мебошанд, ки эҳсосотро гум кардаанд ё дар ҳаракат ва тағйир додани мавқеъ мушкилӣ мекашанд.

Агар касе қаблан ин захмро дошта буд, ӯ дар хавфи пайдо шудани захми дигар қарор дорад.

Ба ин расмҳои бистарзахм нигаред, ки дар онҳо нишон дода мешавад, ки чӣ гуна захм метавонад ҳамчун доғ оғоз шавад ва калонтару чуқуртар гардад ва эҳтимолан сироят ёбад.

Дар рӯи пӯсти торик марҳилаи аввали захмро дидан душвор аст. Санҷед, ки оё пӯст нисбат ба дигар қисмҳо гармтар аст ва/ё варамидааст ё на.

Дар рӯи пӯсти равшан аломати сурх пайдо мешавад. Дар рӯи пӯсти торикт аломат метавонад ранги кабуд ё арғувон бошад.

Барои боздоштани бадшавии захмҳо чораҳои таъҷилӣ лозим аст.

Майдони пӯст дар пошнаи панҷаи по сурх аст.
Марҳилаи аввал
Доғҳои хурди пӯст хӯрда ва сурх шудаанд.
Марҳилаи дуюм
Ғафсии пурраи пӯст гум шуда, захми сурхи амиқтар пайдо мешавад.
Марҳилаи сеюм
Зарари хеле амиқи бофта. Ранг аз сурх то сиёҳ бо сироят дигаргун аст.
Марҳилаи чорум

Бистарзахме, ки шифо намеёбад, хавфи ҷиддӣ барои саломатӣ мебошад. Муолиҷаи зудҳангом барои пешгирии пешрафти бистарзахмҳо муҳим аст.

Аз шахс пурсед:

Оё шумо ягон бистарзахм доред?

Агар шахс бистарзахм дошта бошад, ба онҳо маслиҳат диҳед, ки аз фишор ба захм худдорӣ кунад.

Барои муолиҷаи захм ба мутахассиси соҳаи тандурустӣ бозравонӣ кунед.

Савол

Шахси солхӯрда нотавон ва бемор аст. Ӯ дар бистар мехобад ва тағйир додани мавқеъ барояш душвор аст. Ӯ ба шумо мегӯяд, ки дар ронаш бистарзахм дорад.

Шумо чӣ кор карда метавонед?





Ҳама ҷавобҳо дурустанд

Ҳамаи ин қадамҳое ҳастанд, ки бояд андешида шаванд.

Хавфи захмҳои панҷаи по

Барои муайян кардани он, ки оё санҷиши панҷаи по зарур аст ё на, аз ин қисми варақаи санҷиши ҳаракатнокӣ истифода баред.

Аз шахс пурсед:

Оё шумо дар гузашта захми панҷаи по доштед ё ягон узватон қатъ шуда буд?

Ҳар шахсе, ки дар гузашта захми панҷаи по дошта буд ё узви баданаш қатъ шуда бошад ва агар муолиҷаи он дароз кашид, ӯ дар хавфи пайдоиши захми дигари панҷаи по қарор дорад.

Ҳамеша санҷиши панҷаи поро барои шахсе гузаронед, ки дар гузашта захми панҷаи по дошт ё ягон узваш қатъ шуда бошад.

Аз шахс пурсед:

Кадом аз душвориҳои зеринро дорад:

  • диабети қанд,
  • махав (проказа),
  • бемории дил ва/ё гурда
  • захм, ҷароҳат ё варамӣ дар панҷаи по.

Одамоне, ки гирифтори диабети қанд, махав, бемориҳои дил ва/ё гурда ҳастанд, дар хавфи инкишофи захми панҷаи по қарор доранд.

Ҳамеша санҷиши панҷаи поро барои ҳар як шахси дорои ин шароит ё захм, ҷароҳат ё варамӣ дар панҷаи по, гузаронед.

Аз шахс пурсед:

  • Тамоку мекашед?
  • Нӯшокиҳои спиртӣ менӯшед?
  • Аксар вақт пойлуч мегардед?

Тамокукашӣ ва нӯшидани миқдори зиёди нӯшокиҳои спиртӣ метавонад хатари гирифтор шудан ба захми панҷаи по ва дарозии вақти шифоёбии онро зиёд кунад.

Бо пои бараҳна рафтан хавфи захми панҷаи поро зиёд мекунад азбаски панҷаи по камтар ҳифз шудааст.

Ҳамеша санҷиши панҷаи пои шахсеро, ки тамоку мекашад, нӯшокиҳои спиртӣ менӯшад ва/ё зуд-зуд бо пои бараҳна роҳ меравад, гузаронед.

Савол

Ҷенсен истодааст ва асояшро бо дасти чапаш медорад

Ҷенсен 60-сола аст. Вай истодан ва роҳ рафтан метавонад, аммо баъзан худро ноустувор ҳис мекунад. Вай аз афтидан хавотир аст.

Ҷенсен диабети қанд дорад. Ӯ ба шумо мегӯяд, ки як сол пеш панҷаи пояшро дар санг бурид ва шифо ёфтани захм муддати дароз кашид.

Оё шумо санҷиши панҷаи пои Ҷенсенро бояд гузаронед?



Бале, санҷиши поро гузаронед. Инчунин тафтиш кунед, ки оё Ҷенсен мунтазам аз хадамоти тиббӣ оид ба диабети қанд боздид мекунад ё на.

Агар боздид накунад, бозравонӣ кунед.

Дар мавзӯи навбатӣ шумо тарзи иҷро кардани санҷиши панҷаи поро хоҳед омӯхт.