Худдорӣ
Худдорӣ маънои қобилияти ихтиёран холӣ кардани пешобдон ва рӯда дар ҷои аз ҷиҳати иҷтимоӣ қобили қабулро дорад. Онро инчунин метавон ҳамчун бомуваффақият рафтан ба ҳоҷатхона тавсиф кард.
Беихтиёрӣ вақте аст, ки шахс пешобдон ё рӯдаи худро идора карда наметавонад. Онро инчунин метавон ҳамчун ихроҷ ё "садама" тавсиф кард.
Савол
Дониши худро дар бораи худдорӣ ва беихтиёрӣ бо ин озмоиши кутоҳ озмоед.
1. Одамон ҳар рӯз пешобдонро чанд маротиба холӣ мекунанд?
Ба ҳисоби миёна дар як рӯз 6-8 маротиба.
2. Одамон ҳар рӯз рӯдаи худро чанд маротиба холӣ мекунанд?
Аксарияти одамон рӯдаҳои худро дар як вақти собит дар рӯз ва басомади муқаррарӣ холӣ мекунанд. Ин метавонад аз 3 маротиба дар як рӯз то 3 маротиба дар як ҳафта бошад.
3. Бисёр одамон эҳтимолан дар ягон лаҳзаи ҳаёти худ беихтиёриро аз сар мегузаронанд.
Дуруст: беихтиёрӣ як чизи маъмул аст. Тақрибан 20% занҳо ва 10% мардон беихтиёрии пешобро аз сар мегузаронанд.
4. Беихтиёрӣ мушкилии танҳо кӯдакон ё пиронсолон аст.
Нодуруст: Занҳо, мардон, духтарон ва писарон метавонанд дар ҳама синну сол беихтиёриро аз сар гузаронанд.
5. Беихтиёрии пешоб (ихроҷи пешоб) нисбат ба беихтиёрии рӯдаҳо (ихроҷи наҷосат) бештар маъмул аст.
Дуруст: беихтиёрии пешоб назар ба беихтиёрии рӯда бештар маъмул аст.
6. Кадоме аз омилҳои зерин боиси беихтиёрӣ шуда метавонад?
Агар шумо ҳамаи катакҳои болоро ишора карда бошед, шумо дуруст ҷавоб додед.
Бисёр сабабҳои гуногун вуҷуд доранд, ки одамон метавонанд беихтиёриро аз сар гузаронанд. Рӯйхати дар боло овардашуда танҳо баъзе аз сабабҳоро нишон медиҳад.
Бомуваффақият рафтан ба ҳоҷатхона (худдорӣ) се қадами асосиро дар бар мегирад:
- Қадами якум: Фаҳмидани он ки (аз сигналҳои бадан) кай ба ҳоҷатхона бояд рафт
- Қадами дуюм: То вақти муносиб барои холӣ кардан нигоҳ доштан
- Қадами сеюм: Ҳангоми дар ҷои муносиб ва омода будан пешобдон ё рӯдаро пурра холӣ кардан.
Савол
1. Кадом «сигналҳои бадан» ба шумо мегӯянд, ки вақти ба ҳоҷатхона рафтан расидааст?
- Эҳсоси фишор ба пешобдон ё рӯдаҳо, ки дар сурати таъхир ба ҳоҷатхона рафтан қавитар мешавад
- Эҳсоси дард дар меъда метавонад аломати зарурати холӣ кардани рӯдаҳо бошад.
2. Барои сари вақт ба ҳоҷатхона рафтан чӣ боиси таъхир метавонад шавад?
- Сигналҳои баданро нафаҳмидан ё нодида гирифтан
- Таваҷҷуҳ ба чизи дигар ва хеле ба таъхир гузоштани рафтан ба ҳоҷатхона
- Мушкилоти ҷисмонӣ барои ҳаракат кардан ба ҳоҷатхона
- Монеаҳо дар роҳи ҳоҷатхона
3. Агар касе ҳар боре, ки ба ҳоҷатхона рафта, пешобдонашро пурра холӣ карда натавонад, оё ин душворӣ ҳисобида мешвад?
Бале, пурра холӣ нашудан барои пешобдон як мушкилӣ аст. Он ба афзоиши бактерияҳо (микробҳо) мусоидат мекунад, ки боиси сирояти пешоб мегардад ва инчунин метавонад хавфи пайдоиши сангҳои пешобдонро (пораҳои хурди маводи маъданӣ) зиёд кунад. Сангҳои пешобдон метавонанд ҷараёни пешобро боздоранд, ки он хатарнок аст.
4. Оё агар касе рӯдаҳояшро мунтазам холӣ накунад, ин мушкилӣ ҳисобида мешвад?
Бале, мунтазам холӣ накардани рӯдаҳо ва ё зур задан барои холӣ кардани наҷосати сахту хушкро қабзият меноманд. Ин як мушкилӣ аст, зеро он боиси нороҳатӣ мебошад ва метавонад сабаби беихтиёрии наҷосат гардад. Қабзият инчунин метавонад пешобдонро таҳрик кунад ва боиси беихтиёрии пешоб гардад.
Беихтиёрии метавонад ба як ё ҳар яке аз қадамҳои дар боло тавсифшуда алоқаманд бошад.
Савол
Ҳар яке аз одамони зерин бо кадом қадамҳо душворӣ мекашад?
Бо Лусиана шинос шавед
Лусиана бо шавҳараш Хосе зиндагӣ мекунад. Лусиана бо хотирааш ва дар банақшагирии фаъолиятҳо душворӣ дорад. Вай сигналҳои баданро дар мавриди вақти ба ҳоҷатхона рафтан намефаҳмад ва зуд-зуд бо беихтиёрии наҷосат ва пешоб дучор мешавад.
Лусиана бо кадом қадамҳо душворӣ мекашад?
Лусиана бо қадами якум мушкилӣ дорад.
Довудро дар хотир доред?
Довуд як марди солхӯрда ва заиф аст, ки бо роҳравак қадам мезанад. Довуд медонад, ки кай ба ҳоҷатхона рафтан лозим аст, аммо то ба он ҷо расидан худро доштан наметавонад. Мушкилоти ҷисмонии ӯ низ вазъиятро вазнинтар мегардонанд, зеро рафтан ба ҳоҷатхона вақти зиёдро талаб мекунад. Ӯ чанд садамаи вобаста ба пешобдонро аз сар гузаронд ва акнун нигарони ба берун рафтан аст.
Довуд бо кадом қадамҳо душворӣ мекашад?
Довуд бо қадами дуюм душворӣ мекашад.
Питерро дар хотир доред?
Сутунмӯҳраи Питер осеб дидааст. Ӯ аз камар поёнашро ҳис карда наметавонад ва ҳаракат намекунад. Вай инчунин пешобдон ва рӯдаашро идора карда наметавонад.
Питер бо кадом қадамҳо душворӣ мекашад?
Питер бо қадамҳои якум, дуюм ва сеюм душворӣ мекашад. Ҷароҳати сутунмуҳрааш маънои онро дорад, ки ӯ сигналҳои баданро ҳис карда наметавонад ё ихтиёран пешоб ё наҷосаташро идора ё холӣ карда наметавонад.
Бо Ҷабраил шинос шавед
Ҷабраил ҳафтсола аст ва бо модару бародараш зиндагӣ мекунад. Ӯ бо бозичаҳояш соатҳо бозӣ мекунад ва намехоҳад, ки ба ӯ халал расонанд. Ҷабраил дар сухан гуфтан душворӣ мекашад. Вақте ки Ҷабраил бояд ба ҳоҷатхона равад, ӯ беқарор мешавад ва либосҳояшро таранг мекашад. Модараш ин аломатҳоро мефаҳмад ва медонад, ки ӯ бояд ба ҳоҷатхона равад. Бо вуҷуди ин, барои модар ӯро дар унитаз дароз нигоҳ доштан барои пурра холӣ кардани рӯдаҳо душвор аст. Вай аксар вақт бо беихтиёрии наҷосат дучор мешавад.
Ҷабраил бо кадом қадамҳо душворӣ мекашад?
Гарчанде ки Ҷабраил сигналҳои баданро мефаҳмад (қадами якум), ӯ бо қадами 3 душворӣ мекашад: дар вақт ва ҷои муносиб будан ва барои холӣ кардани рӯдаҳо омода будан.
Одамон беихтиёриро бо роҳҳои гуногун эҳсос мекунанд.
Савол
Дар бораи таҷрибаи беихтиёрии Марина, Сакура ва Дембе дар зер хонед. Сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Бо Марина шинос шавед
Марина 52 сола аст. Аз замони таваллуди фарзанди дуюмаш 25 сол пеш ҳангоми сулфа задан ё машқ кардан гоҳ-гоҳ пешобаш мечакад.
Дар шаш моҳи охир Марина пай бурд, ки бояд сари вақт ба ҳоҷатхона шитобад. Мунтазам пешобаш мечакад, зеро вай худро нигоҳ дошта наметавонад.
Марина шабона бедор мешавад, то ба ҳоҷатхона равад ва на ҳама вақт пешобашро то расидан ба ҳоҷатхона метавонад дорад.
1. Марина кадом намуди ихроҷро аз сар мегузаронад?
Танҳо пешоб дуруст аст.
2. Чанд маротиба ихроҷ рух медиҳад?
Мунтазам дуруст аст. Марина, вақте ки сари вақт ба ҳоҷатхона расида наметавонад, мунтазам пешобаш ихроҷ мешавад. Вай инчунин ҳангоми сулфа задан ё машқ кардан ихроҷро эҳсос мекунад.
3. Ихроҷ кай ба амал меояд?
Ҳарду ҷавоби дуруст аст. Марина шабу рӯз ихроҷи пешобро эҳсос мекунад.
Бо Сакура шинос шавед.
Сакура 11 сола аст ва бо оилааш зиндагӣ мекунад. Сакура фалаҷи мағзи сар дорад ва дар идора кардани ҳаракат ва иртибот душворӣ мекашад. Сакура аксар вақт пешобашро ва гоҳ-гоҳ пас аз наҳорӣ наҷосаташро доштан наметавонад.
1. Сакура кадом намуди ихроҷро аз сар мегузаронад?
Ҳарду ҷавоби дуруст аст.
2. Чанд маротиба ихроҷ рух медиҳад?
Баъзан ва мунтазам ҳарду дурустанд. Сакура мунтазам ихроҷи пешоб ва гоҳ-гоҳ ихроҷи наҷосатро аз сар мегузаронад.
3. Ихроҷ кай ба амал меояд?
Танҳо рӯзона ё Ҳарду метавонанд дуруст бошанд. Сакура шояд шабона пешобашро доштан натавонад. Сакура дар давоми рӯз аз ихроҷи наҷосат худдорӣ кардан наметавонад. Саволҳои бештар метавонанд равшанӣ андозанд.
Бо Дембе шинос шавед
Дембе 13-сола аст ва бо дӯстонаш футболбозиро дӯст медорад. Дастаи ӯ дар бозии ниҳоии лигаи маҳаллӣ қарор дорад, аммо барои бозӣ як сафари тӯлонӣ кардан лозим аст ва онҳо бояд як шаб берун аз маҳалли худ бимонанд. Дембе хеле ғамгин аст, зеро ӯ тасмим гирифтааст, ки бозӣ накунад. Ӯ намехоҳад, ки дӯстонаш донанд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз хонаи худаш дар ҷое хоб накардааст, зеро гоҳ-гоҳ бистарашро тар мекунад ва намедонад, ки кай ҳодиса такроран рӯй медиҳад.
1. Дембе кадом намуди ихроҷро аз сар мегузаронад?
Танҳо пешоб дуруст аст.
2. Чанд маротиба ихроҷ рух медиҳад?
Баъзан дуруст аст. Дембе ҳар ҳафта баъзан бо беихтиёрӣ дучор мешавад.
3. Ихроҷ кай ба амал меояд?
Танҳо шабона дуруст аст.
Ҳар шахсе, ки аз бехтиёрӣ азият мекашад, бояд ба мутахассиси соҳаи тиб муроҷиат кунад, ки сабаби онро арзёбӣ кардан тавонад ва барои ба нақша гирифтани роҳи муолиҷа ва / ё идора кардани беихтиёрӣ кумак диҳад.
Роҳҳои зиёде мавҷуданд, ки мутахассиси соҳаи тиб метавонад ба одамони синну соли гуногун барои такроран идора кардани пешобдон ё рӯда кумак расонад. Бозравонӣ ҳамеша фикри хуб аст.
Андешаронӣ
Шумо ба кадом як мутахассиси соҳаи тиб дар минтақаи маҳаллии худ шахсеро, ки бо худдорӣ мушкилӣ дорад, равона мекунед?
Марина аз ихроҷҳо нигарон аст. Вай хавотир аст, ки ҳангоми ба берун рафтан сари вақт ба ҳоҷатхона намерасад ва бинобар ин ба машқҳои худ рафтанро бас кардааст. Вай барои арзёбии худдорӣ фиристода шудааст.
Мутахассиси соҳаи тиб Маринаро итминон медиҳад, ки занон аксар вақт ин душвориро доранд, аммо онро табобат ва муолиҷа кардан мумкин аст.
Онҳо ба ӯ дар бораи мустаҳкам кардани мушакҳое, ки пешобдонро дастгирӣ мекунанд, меомӯзонанд ва пешобдонашро тавре омода мекунанд, ки то аз зарурати шитоб ба ҳоҷатхона канорагирӣ кунад.
Онҳо ба мувофика расиданд, ки баъзе маҳсулоти ҷаббанда муваққатан то он даме, ки маслиҳат ва табобат натиҷа диҳад, муфид хоҳанд буд, то вай бидуни тарси ихроҷ берун рафтан тавонад.
Марина хеле хурсанд аст.
Савол
Бо Лола шинос шавед
Лола 30 сол аст ва дар рафтан ба ҳоҷатхона мушкилӣ дорад. Вай ҳис карда наметавонад, ки кай рафтан лозим аст. Вай тасодуфан масона ва рӯдаҳояшро холӣ карданро сар кардааст. Ин мушкилот як ҳафта пеш оғоз ёфт. Пеш аз ин вай ягон душворй надошт ва саломатиаш хуб буд.
Шумо бояд чӣ кор кунед?
Бо иҷозати Лола, ӯро фавран ба мутахассиси соҳаи тандурустӣ барои арзёбии пурра равона кунед. Вай метавонад мушкилоти асосӣ бо саломатӣ дошта бошад.
Бозравонӣ ба мутахассиси соҳаи тиб барои ҳар як шахсе, ки дар қобилияти идора кардани озодшавӣ ё холӣ кардани масона ё рӯдаҳояш тағйирот ногаҳон ба вуқӯъ пайвастааст, ҳатмист.
Барои дарёфти роҳҳои гуногуни кумак, ки одамон ҷиҳати идора кардани фаъолиятҳои худнигоҳубинӣ метавонанд ба даст оранд, хонед.