Дастгирии одамон барои истифодаи маҳсулоти ёрирасон дар ҷомеа

Пешрафти мавзӯъ:

Барои бисёр одамон, дастрасӣ ба маҳсулоти ёрирасон як имконияти муҳим барои иштирок дар фаъолиятҳои мехоста ё заруриашон мебошад.

Бо вуҷуди ин, ҳатто бо маҳсулоти ёрирасони мувофиқ, одамон метавонанд бо монеаҳое рӯ ба рӯ шаванд, ки иштироки онҳоро маҳдуд мекунанд.

Ин монеаҳо метавонанд дар бар гиранд:

  • Муҳити дастнорас
  • Нанг ва табъизи иҷтимоӣ
  • Набудани иттилооти дастрас
  • Набудани хизматрасонӣ ё сиёсатҳо марбут ба дастгирӣ.

Барои таъмин намудани иштироки корбарони (истифодабарандагон) маҳсулоти ёрирасон дар фаъолиятҳои мехоста ё заруриашон ҳама нақши баробар доранд.

Леи рост истода, дар тан куртаи арғувонӣ дорад. Як дасташ дар паҳлӯяш буда, дасти дигараш ба самти баданаш тоб хурдааст.

Бо Лей шинос шавед.

Лей гирифтори сактаи мағзи сар шудааст ва бо духтараш дар хона зиндагӣ мекунад. Тарафи рости бадани Лей суст буда, баъзан нутқи вай фаҳмида намешавад. Вай барои ҳаракат аз асо истифода мебарад.

Пеш аз сактаи мағзи сар, Лей дар ҷомеа фаъол буд ва аксар вақт дар бозори маҳаллӣ сабзавот мефурӯхт. Аммо пас аз сактаи мағзи сар барои ӯ ба автобус савор шуда, ба бозор рафтан мушкил шуд. Вай инчунин пай бурд, ки баъзе аз занон дар бозор аз ҷалб кардани ӯ ба сӯҳбат ва фаъолиятҳои худ бозистоданд.

Дар наздикии бозор автобус меистад. Марде дарро ба рӯи ду зан мекушояд, ки яке аз онҳо асо истифода мебарад.

Лей эҳсоси танҳоӣ мекард ва дигар зуд-зуд ба бозор намерафт. Вале, як рӯз ронандаи автобус ба Лей зинапояҳои интиқолшавандаи хурди сайёреро, ки худ тайёр карда буд, нишон дод. Воситаи мазкур ба автобус савор шудан ва аз он фаромаданро хеле осон кард.

Лей ва дӯсташ паҳлӯ ба паҳлӯ истода, аз паси дӯкон сабзавот мефурӯшанд.

Дӯсти Лей дар бозор низ ӯро барои сӯҳбат бо занони дигар дастгирӣ кард ва фаҳмонд, ки Лей то ҳол суҳбатҳоро метавонад фаҳмад ва дар онҳо иштирок варзад, бо вуҷуди ин барои возеҳ сухан гуфтан вақти бештар барои ӯ лозим аст. Занҳои дигар фаҳмиданд ва ӯро дубора ба фаъолият ва суҳбатҳои худ ҷалб карданд ва ба ӯ барои ибрози назар вақти зарурӣ доданд.

Лей бори дигар дар бозор мунтазам сабзавот мефурӯшад ва аз муошират бо занони дигар лаззат мебарад.

Савол

1. Барои иштирок дар ҳаёти ҳаррӯза Лей бо кадом монеаҳо дучор шуд?

1. Лей бо душвориҳои зерин дучор шуд:

  • Монеаҳои ҷисмонӣ (ба автобус дохил шудан)
  • Монеаҳои рафторӣ (занон дар бозор Лейро аз суҳбат ва фаъолияти худ хориҷ карданд).

2. Чӣ тавр монеаҳо ҳал шуданд? Шахсони гуногун чӣ нақш бозиданд?

2. Монеаҳо бо дастгирии одамони ҷомеаи маҳаллӣ ҳал шуданд:

  • Ронандаи автобус ба Лей барои бартараф кардани монеаҳои ҷисмонӣ бо гузоштани як зинапояи сайёр кумак кард, то ки вай ба автобус савор шудан ва берун баромадан тавонад.
  • Дӯсти Лей ӯро барои ҳамсуҳбат шудан бо дигар хонумон дастгирӣ кард, то хонумон фаҳманд, ки Лей ҳоло ҳам дар суҳбатҳо ва фаъолияти онҳо иштирок карда метавонад.

Шумо дарси чорумро ба анҷом расондед!

Агар шумо ягон савол ё шарҳе дошта бошед, онҳоро дар форуми мусоҳиба гузоред.

Форуми мусоҳибавӣ