
Захми панҷаи по - даридани пӯст дар ягон қисми панҷаи по мебошад.
Он метавонад бинобар сабабҳои зерин бошад:
- Ҷароҳати панҷаи по, масалан, пахш кардани ашёи тез бо по
- Фишор ё молиш, масалан, аз пойафзоли номувофиқ.
Захми панҷаи по метавонад боиси аз даст додани ҳаракатнокӣ гардад. Захмҳои сироятшуда метавонанд ба қатъи узв ва ҳатто марг оварда расонанд.
Мусоҳиба
Тахмин меравад, ки дар саросари ҷаҳон, ҳар 30 сония, қисми пойи ягон шахс бо сабаби диабети қанд қатъ (ампутатсия) мешавад.
- Оё шумо касеро медонед, ки захми панҷаи по дошта буд?
- Оё шумо медонед, ки он чӣ гуна оғоз ёфт?
- Он чӣ гуна таҳти назорат гирифта шуд?
- Оё он шифо ёфт, ё ба мушкилиҳои бештар оварда расонд?
Қатъи узвро аксар вақтҳо тавассути роҳҳои зерин пешгирӣ кардан мумкин аст:
- Пешгирӣ кардани захми панҷаи по
- Муайян ва табобати захмҳои панҷаи по вақте ки онҳо пайдо мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи сабабҳои захмҳои панҷаи по ва кӣ бештар зери хавфи ҷиддии он қарор дорад, хонед.
Захмҳои панҷаи по метавонанд барои одамоне, ки яке аз душвориҳои зерини марбут ба вазъи саломатӣ доранд, мушкилии ҷиддӣ гарданд:
Душворӣ бо эҳсосот дар пойҳо
Душвориҳо бо эҳсоси пойҳо маънои онро дорад, ки шахс дард, фишор, гармӣ ё ламсро ҳис намекунад.
Шахсе, ки бо эҳсосот душворӣ мекашад ё дар пойҳояш ҳис надорад, зери хатари баланди захми панҷаи по қарор дорад, зеро вақте ки ягон кас ба панҷаи ӯ осеб мерасонад, ин шахс онро ҳис намекунад.
Одамони гирифтори диабети қанд, бемории махав (проказа), осеби ҳароммағз ё сактаи мағзи сар аксар вақтҳо эҳсосотро дар пойҳои худ аз даст медиҳанд ва аз ин рӯ, онҳо дар хатари гирифтори ин беморӣ қарор мегиранд.
Баъзе одамоне, ки миқдори зиёди машруботи спиртӣ истеъмол мекунанд, инчунин метавонанд эҳсоси пойҳои худро аз даст диҳанд ва дар хавф қарор гиранд.
Барои ҳар шахсе, ки бо эҳсоси пой душворӣ мекашад, роҳ гаштан бо пои бараҳна хатари осеб дидан ва рушди захми панҷаҳои пойро зиёд мекунад.

Савол
Ҷозефина 45-сола аст ва гирифтори диабети қанд мебошад. Вай дар панҷаҳои пойҳояш эҳсоси комил надорад ва ҷараёни хунаш паст аст.
Ҷозефина моҳигир аст ва вақти зиёдро дар соҳил ва қаиқ мегузаронад. Вай аксар вақтҳо пойлуч мебошад.
Оё Ҷозефина дар хавфи гирифторшавии захми панҷаи по қарор дорад?
Бале, Ҷозефина зери хавфи сатҳи миёна қарор дорад, зеро вай панҷаҳои пои худро пурра ҳис карда наметавонад ва онҳо бо пойафзол муҳофизат нашудаанд. Вай метавонад панҷаҳои пои худро дар соҳил, об ё қаиқ захмӣ кунад. Гардиши пасти хун хавфи шифоёбии суст ва сироятро зиёд мекунад.
Ҷараёни сусти хун
Вақте ки ҷараёни хун ба пойҳо суст мешавад, муолиҷаи захми панҷаи по дарозтар тӯл мекашад ва хавфи сироят бештар мешавад.
Одамони гирифтори диабети қанд, бемориҳои дил ва/ё бемории гурда аксар вақтҳо ҷараёни сусти хун доранд.
Тамокукашон низ метавонанд ҷараёни сусти хун дошта бошанд.

Бо Равӣ шинос шавед.
Равӣ марди калонсолест, ки гирифтори диабети қанд аст. Дар хонааш ба як пораи хурди шишаи шикаста қадам гузошт. Азбаски дар панҷаҳои пояш эҳсосот камтар аст, чанд рӯз аз бурида шуданаш пай набурд. Вақте ки аз ин огоҳ шуд, кушиш кард, ки захмро худаш табобат кунад.
Аз сабаби диабети қанд, Равӣ дар панҷаҳои пояш ҷараёни сусти хун дорад. Ин маънои онро дошт, ки захм шифо наёфта, зуд сироят гирифт. Сироят паҳн шуд ва Равӣ сахт бемор шуд.
Хонаводаи Равӣ ӯро ба беморхона оварданд. Дар ин ҷо ӯ фаҳмид, ки барои боздоштани паҳншавии минбаъдаи сироят қатъи панҷа ва соқи пояш лозим аст. Бидуни қатъи узв, Равӣ метавонист бимирад.
Савол
Пешгирии захми панҷаи по метавонад қатъи узви баданро коҳиш диҳад.
Кадом чизҳо метавонистанд ба Равӣ барои пешгирии захми панҷаи по кумак кунанд?
- Омӯзиш барои Равӣ дар бораи тарзи нигоҳдории пойҳо, аз ҷумла тафтиш кардани ҷароҳатҳои эҳтимолӣ дар онҳо
- Пӯшидани пойафзоли мувофиқ дар дарун ва беруни хона барои муҳофизати пойҳо.
Ошкорсозӣ ва табобати зудҳангоми захмҳои панҷаи по роҳи дигари кам кардани қатъи узви бадан мебошад.
Чӣ метавонист ба Равӣ барои пешгирии қатъи узв кумак кунад?
- Равӣ метавонист зудтар ба муассисаи тиббии маҳаллии худ равад, вақте ки панҷаи пояш осеб бардошт.
- Муолиҷаи такроршавандаву мунтазам ва назорати захми панҷаи по аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб.
- Баррасии мунтазами диабети қанд ва андешидани тадбирҳо
Шакли ғайриоддии панҷаи по, қатъи ангушт ё панҷаи по
Вақте ки мо рост меистем, вазни баданамон рӯи панҷаҳои по баробар тақсим мешавад.
Ҳангоми роҳ рафтан, барои ҳар як қадам, панҷаи пое, ки дар рӯи замин қарор дорад, якуним маротиба вазни умумии бадани одамро мебардорад. Ба таври баробар тақсим кардани ин вазн муҳим аст.
Дигаргунӣ дар шакли панҷаи по метавонад боиси фишори аз ҳад зиёд ба қисмҳои панҷаи по шавад. Ин метавонад боиси захми панҷаи по гардад.
Одамоне, ки шакли ангуштон ё панҷаҳои пойи ғайриоддӣ доранд, ё одамоне, ки ангушт ё панҷаи пояшон қатъ шудааст, бинобар сабаби фишор ҳангоми бардоштани вазни бадан зери хавфи инкишофи захми панҷаи по қарор гиранд.

Бо Рубӣ шинос шавед.
Рубӣ 55 сол аст ва гирифтори диабети қанд мебошад. Ангушти пояш бинобар сабаби сироятёбии захми панҷаи по қатъ шудааст.
Вақте ки Руби роҳ мегардад, вазне ки қаблан ба таври баробар рӯи панҷаи пояш тақсим мешуд, акнун рӯи қисми боқимондани панҷаи по тақсим мешавад.
Вай дар хавфи инкишофи дигар захми панҷаи по аз сабаби зиёд шудани фишор ба қисми боқимондаи панҷаи по қарор дорад.
Рубӣ мунтазам ба муассисаи назорати диабет муроҷиат мекунад, то боварӣ ҳосил кунад, ки саломатиаш ва диабети қанд зери назорат аст. Азбаски вай дар хавфи инкишофи дигар захми панҷаи по қарор дорад, ӯ инчунин ба муассисаи назорати панҷаи по дар шахсони гирифтори диабети қанд меравад. Барои пешгирии дигар захми панҷаи по, Рубӣ бо пойафзоли махсус таъмин карда шудааст, то фишор рӯи қисми боқимондаи панҷаи пояш коҳиш ёбад. Пойафзол "дастгоҳи борсупорӣ" ном дорад. Ӯ инчунин бо асоҳои то оринҷ роҳ меравад то фишор рӯи панҷаи по кам шавад.
Шумо дарси якумро ба анҷом расондед!
Дар дарси навбатӣ шумо дар бораи намудҳои гуногуни воситаҳои ёрирасон барои ҳаракат маълумот хоҳед гирифт.