Муқаддима
Қадами аввал - Интихоб
Қадами аввал дар пешниҳоди маҳсулоти ёрирасон ин интихоби маҳсулотест, ки ба ниёзҳои шахс, бо назардошти саломатӣ, тарзи зиндагӣ ва макони зисти ӯ, бештар мувофиқат мекунад.
Қадами мазкур гузаронидани арзёбӣ барои ҷамъоварии маълумот дар бораи саломатӣ, фаъолият ва қобилияти шахс ва дар куҷо истифода бурдани маҳсулоти ёрирасонро дар бар мегирад.
Арзёбӣ ҳамеша бо шахсе, ки ба маҳсулот ниёз дорад ва дар ҳолати зарурӣ, аъзоёни оила ё парасторон гузаронида мешавад.
Аксари модулҳои маҳсулоти TAP варақаи намунавии арзёбиро пешниҳод мекунанд, ки барои мақсадҳои зерин метавонанд истифода шаванд:
- Роҳнамоӣ кардани арзёбӣ барои маҳсулоти мушаххаси ёрирасон
- Интихоби маҳсулоти ёрирасон бо назардошти маълумоти ҷамъшуда, интихоби шахс ва маҳсулоти ёрирасони дастрас
- Сабти маълумот, аз он ҷумла амалҳои андешидашуда, ба монанди бозравонӣ ба дигар хадамот.
Барои интихоби маҳсулоти мувофиқи ёрирасон муҳим аст, ки як қатор маҳсулот мавҷуд бошад. Дар ихтиёр доштани як қатор маҳсулот қонеъ гардондани ниёзҳои гуногуни одамонро осон мекунад. Ҷои зист ва кор ва хизматрасониҳои дастрас ҷиҳати дастгирии онҳо низ муҳиманд.
Бо Мере шинос шавед.
Мере ҳангоми дар мактаби ибтидоӣ таҳсил карданаш нуқсони шунавоӣ пайдо кард ва ба хадамоти шунавоии маҳаллӣ бозравонӣ шуд.
Вай бо модараш ба хадамот рафта, мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Хизматрасон ба Мере дар бораи саломатиаш, ҳаёт дар хона ва мактаб ва фаъолиятҳое, ки ба ӯ маъқул аст, саволҳо пурсид.
Аз ӯ инчунин дар бораи фаъолиятҳое, ки аз сабаби шунавоӣ иҷрояшон душвор аст, пурсиданд. Сипас шунавоии Мере санҷида шуд. Хизматрасон тамоми маълумотро дар варақаи арзёбӣ сабт карда, ба Мере ва модараш ду намуди дастгоҳи шунавоӣ, ки метавонанд ба Мере кумак расонанд, нишон дод.
Хизматрасон афзалият ва нуқсонҳои ҳар яки онҳоро шарҳ дод.
Meрe дастгоҳи шунавоии рақамии "паси гӯш"-иро интихоб кард.
Ризоият барои истифодаи маълумот
Лутфан ба мо хабар диҳед, ки оё шумо барои истифодаи маълумоти дар давоми ин омӯзиш ҷамъоваришуда дар ҳисобот ва фаъолиятҳои тадқиқотии оянда, ризоӣ медиҳед ё на.
Ба ҳар як саволи зер "бале" ё "не"-ро интихоб кунед. Агар "не"ро интихоб кардед, ба ҳар ҳол аз идомаи омӯзишатон истиқбол мекунем.
2. Ман мефаҳмам, ки маълумоти дар давоми ин омӯзиш аз ман ҷамъоваришуда (ба ҷузъ аз ному насабам), аз ҷумла варақаи бақайдгирӣ, пурсиши онлайнӣ марбут ба бозхурд, натиҷаҳои озмоиш ва форуми мусоҳибавӣ дар гузориш ва тадқиқот барои беҳтар кардани TAP ва дастрасӣ ба технологияи ёрирасон истифода мешавад ва ман ба ин розигии худро медиҳам.
Саҳифа
аз
Намоиш / Пинҳон кардани мавзӯъҳои дарс
Саҳифа
Саҳифаи қаблӣ
Саҳифаи оянда
Менюро нишон додан/пинҳон кардан
анҷом ёфт
тамом нашудааст
дар ҷараён
оғоз нашудааст
Ҳамаро васеъ кунед
Ҳамаро вайрон кунед
дарсҳои модул
Саҳифабандии натиҷаҳои ҷустуҷӯ
Воридшавӣ
Номи корбар ё суроғаи почтаи электронӣ
Рамз
Рамзи гумшуда
Лангари мундариҷаи асосӣ
Ҷустуҷӯ
Ҷустуҷӯро пӯшед
Навигатсия дарс
нонреза
Менюи модул
Навигатсия дар мавзӯъ
Ҳама бинед
Меню
Менюи сайт
Ҳисоби корбар алоқаманд
Навигатсияи дуюмдараҷаи гурӯҳ
дар ҷадвал/равзанаи нав мекушояд
Пеш аз гирифтани он ворид шавед озмун
Анҷом
Баррасии кӯшиши викторина
Дуруст
нодуруст