Нақшҳои гуногун дар таъмини маҳсулоти ёрирасон
Бисёр шахсон дар дастгирии одамон барои дастрасӣ ба маҳсулоти ёрирасони лозимӣ нақш мебозанд. Шахсони мазкур инҳоянд:
- Шахсе, ки ба маҳсулоти ёрирасон ниёз дорад ва оилаи ӯ
- Онҳое, ки шахсони ба маҳсулоти ёрирасон ниёзмандро муайян мекунанд ва онҳоро ба хадамоти таъмини маҳсулоти ёрирасон равон мекунанд.
- Кормандони омӯзонидашуда, ки бо шахс кор мекунанд, то ӯро бо маҳсулоти ёрирасон таъмин кунанд
- Аъзоёни ҷомеа ки ҳама дар дастгирии одамоне, ки маҳсулоти ёрирасонро истифода мебаранд, нақш доранд.
- Роҳбарон ва тасмимгирандагон, ки масалан, метавонанд маҳсулоти ёрирасонро тавассути низоми давлатӣ дастрас кунанд ё кафолат диҳанд, ки ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нақлиёт барои одамоне, ки аз маҳсулоти ёрирасон истифода мебаранд, дастрас бошанд.
Бо Майкл шинос шавед.
Майкл нобино таваллуд шудааст. Вақте ки ӯ ба мактаб шурӯъ кард, волидонаш дар бораи як созмони ҷамъиятие шунидаанд, ки шахсони дорои маъюбиятро дастгирӣ мекунад. Онҳо ба созмон муроҷиат карда, кумак хохиш карданд.
Як корманди ёрирасон барои дидани Майкл ва оилаи ӯ ба хона омад. Ҳангоми ин боздид Майкл ва оилаи ӯ гӯфтанд, ки ӯ мехоҳад мустақилона ҳаракат кунад. Корманди ёрирасон ба Майкл пешниҳод кард, ки аз асои нобиноён истифода барад. Вохӯрӣ таъйин карда шуд, то Майкл дар маркази созмон мавриди арзёбӣ қарор гирад.
Майкл бо асои сафед таъмин карда шуд, ки аз он барои ба мактаб рафтан ва аз он ҷо баргаштан ва инчунин барои бехатар ҳаракат кардан дар синфхона ва майдони бозӣ истифода мебарад.
Корманди ёрирасон ба дигар кӯдакони синф дар бораи истифодаи асои нобиноён ва кумак ба Майкл барои бехатар ҳаракат кардан дар синфхона ва майдончаи бозӣ маълумот пешкаш кард. Ҳоло ҳама кӯшиш мекунанд, ки дар хотир гиранд, ки дар долон ва роҳҳои гирду атрофи мактаб монеаҳо нагузоранд!
Савол
- Одамоне, ки дар кумак ба Майкл дар дастрасӣ ва истифодаи асои нобиноён иштирок доштанд, киҳо буданд?
- Ҳар як шахс чӣ нақш бозид?
- Волидайни Майкл, ки бо созмон тамос гирифтаанд ва дар ҷараёни боздид Майклро дастгирӣ карданд
- Корманди ёрирасон аз созмони ҷамъиятӣ, ки аз Майкл боздид кард ва барои ӯ арзёбиро ташкил намуд
- Майкл, ки дар бораи хоҳиши мустақилона ҳаракат карданро фаҳмонд.
- Омӯзгорон ва ҳамсинфони Майкл, ки дар истифодаи асои маъюбон ӯро дар мактаб дастгирӣ мекунанд ва барои коҳиш додани монеаҳо дар долон ва роҳҳо кӯшиш мекунанд.
Матиасро дар хотир доред?
Матиас гирифтори диабети қанд аст ва дар муассисаи тиббии маҳаллӣ мунтазам бо ҳамшираи шафқат мулоқот мекунад.
Ҳангоми як вохӯрӣ ҳамшираи шафқат пай бурд, ки Матиас ҳангоми роҳ рафтан ноустувор аст. Матиас фаҳмонд, ки роҳ рафтан ба ӯ душвор аст, зеро ӯ зуд хаста мешавад.
Ҳамшираи шафқат Матиасро ба назди як корманди ҷамъиятии клиника фиристод. Корманди ҷамъиятӣ ҳаракати ӯро муоина кард ва муайян кард, ки Матиас аз воситаи роҳгардӣ метавонад баҳра гирад ва маслиҳат дод, ки пойафзоли мувофиқ пӯшад то аз панҷаҳои пояш муҳофизат кунад. Пас аз арзёбии воситаи роҳгардӣ, корманди ҷамъиятӣ ба Матиас роҳраваки чархдор пешкаш кард.
Матиас дуюмин шахсе буд, ки дар калисои худ аз воситаи роҳгардӣ истифода мебарад. Кумитаи калисо тасмим гирифт, ки барои дастрасии осони ҳамагон пандус насб кунад.
Ҳангоми вохӯрии навбатӣ дар муассисаи тиббӣ, корманди ҷамъиятӣ аз Матиас пурсид, ки ӯ чӣ гуна нигоҳубинии худро анҷом медиҳад (масалан, ба ҳоҷатхона рафтан ва/ё худро шустан). Матиас гуфт, ки вай дигар ба берун намеравад, зеро хуруҷи ғайриихтиёрии идрорро таҷриба кардааст. Пас аз арзёбӣ бо ҳамшираи шафқат, Матиас бо латтаи ҷабанда таъмин карда шуд, то ҳангоми баромадан ба ҷомеа аз он истифода барад. Матиас ҳоло боварӣ дорад, ки ба берун баромадан метавонад.
Савол
- Одамоне, ки дар кумак ба Матиас дар дастрасӣ ва истифодаи маҳсулоти ёрирасон иштирок доштанд, киҳо буданд?
- Ҳар як шахс чӣ нақш бозид?
- Ҳамширае, ки пай бурд, ки Матиас аз маҳсулоти ёрирасон метавонад баҳра барад. Вай ӯро ба назди корманди ҷамъиятӣ барои муоинаи ҳаракат равон кард ва баъдтар дар арзёбии масъалаи хуруҷи ғайриихтиёрии идрор кумак кард.
- Корманди ҷамъиятие, ки ӯро барои воситаи роҳгардӣ арзёбӣ кард ва сипас аз Матиас дар бораи ниёзҳои худнигоҳубинӣ пурсид.
- Матиас, ки фаҳмонд, ки роҳ рафтан ба ӯ душвор аст ва аз сабаби хуруҷи ғайриихтиёрии идрор намехост ба берун равад
- Ҷамъияти калисои ӯ, ки барои бомуваффақият истифода бурдани воситаи роҳгардӣ дар калисо имкониятро фароҳам кард.
Тавре ки мо дидем, бисёр одамоне ҳастанд, ки дар дастгирии шахсон барои дастрасӣ ба маҳсулоти ёрирасони лозимӣ нақш мебозанд.
Шумо дарси дуюмро ба анҷом расондед!
Агар шумо ягон савол ё шарҳе дошта бошед, онҳоро дар форуми мусоҳиба гузоред.